Таъмири мошини «Ёрии таъҷилӣ» аз ҷониби гунаҳгори садамаи нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад

Декабрь 10, 2019 12:31

 ДУШАНБЕ, 10.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Ҳодисаи 1 декабри соли равон дар чорроҳаи кӯчаи М.Турсунзода —  Беҳзоди пойтахт  ба садама дучор гардидани  мошини  “Ёрии таъҷилӣ”  зери таҳқиқи  кормандони  Раёсати  Вазорати корҳои дохилӣ  дар   шаҳри Душанбе қарор дошт. Дар натиҷаи  таҳқиқот маълум гардид, ки ҳодисаи мазкур бо айби ронандаи  мошини тамғаи «Тайота-Кемрӣ»  (рақами қайди давлатиаш 1011 ВВ 01)  таҳти идораи  истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Фирдавсӣ,  донишҷӯи Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Шаҳриёр Рустамови 19-сола  ба вуқӯъ пайвастааст. Нисбат ба  ронандаи  мошини тамғаи «Тайота-Кемрӣ»  шаҳрванд Шаҳриёр Рустамов барои вайрон кардани талаботи банди 130 ва 61, қисми 5 –и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»  бо моддаи 333-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон  санади  ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуд. Тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмири  мошини “Ёрии таъҷилӣ” аз ҷониби гумонбари асосии ҳодиса шаҳрванд Рустамов Шаҳриёр ба роҳ монда шуда, таҳқиқ дар ин самт идома дорад.

Тавре аз  маркази матбуоти Раёсати мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  зимни омӯзиш ва гузаронидани корҳои таҳқиқотӣ муайян гардид, ки  Шаҳриёр Рустамов ба талаботи чароғаки раҳнамо итоат накарда, бо суръати баланд дар ранги сурх роҳро убур кардааст.

Дар ҳамин  асно ба мошини  “Ёрии таъҷилӣ”, ки таҳти идораи ронанда  Миралӣ Лоиқов  қарор дошта,   дар дохили он  3 нафар духтур бо хабари оҷилӣ, дар ҳолати фаъол будани воситаҳои махсус (мигалка) ҳаракат дошт, бархӯрда,  ӯро чаппа  кардааст. Хушбахтона, дар натиҷаи ин  садамаи нақлиётӣ  талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, вале ҳарду мошин  зарари техникӣ дидаанд.

Мавриди зикр аст, ки мувофиқи қонунгузорӣ ба воситаҳои нақлиёти “Ёрии таъҷилӣ”, сухторхомӯшкунӣ ва якчанд воситаҳои нақлиёти дигар ҳангоми ҳаракат дар роҳ бартарӣ дода шуда, дигар ронандагон уҳдадор мебошанд, ки ба онҳо роҳ кушода, монеи ҳаракати чунин воситаҳои нақлиёт нагарданд.

Мутаассифона, дар ҷомеа баъзан ронандагоне ҳастанд, ки талаботи «Қоидаҳои ҳаракати роҳ»-ро риоя накарда, баръакс, ба таври дағалона онро вайрон мекунанд. Ин амал дар аксар маврид бо чунин  ҳодисаҳои нохуш меанҷомад.

Декабрь 10, 2019 12:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд