Қуръакашии ниҳоии Лигаи чемпионҳо баргузор шуд

Декабрь 17, 2019 12:55

ДУШАНБЕ, 17.12.2019 /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Ассотсиатсияи футболи Аврупо (УЕФА),  дар Ниони Швейтсария қуръапартоии бозии даври 1/8-ниҳоии Лигаи чемпионҳо баргузор шуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Натиҷаи қуръапартоӣ чунин аст:

«Боруссия» Дортмунд (Германия) – «Пари Сен-Жермен» (Париж, Франсия);

«Реал » (Мадрид, Испания) –«Манчестер Сити »(Англия);

«Аталанта»  (Бергамо, Италия) – «Валенсия»  (Испания);

«Атлетико» (Мадрид, Испания) – «Ливерпул» (Англия);

«Челси»  (Лондон, Англия) – «Бавария » (Мюнхен, Германия);

«Лион» (Франция) — «Ювентус» (Турин, Италия);

«Тоттенхэм» (Лондон, Англия) – «РБ Лейпсиг (Германия);

«Наполи » (Неапол, Италия) – «Барселона» (Испания).

Дастаҳои «Локомотив» ва «Зенит» -и Россия натавонистанд, ки аз гурӯҳҳо берун оянд ва Лигаи чемпионҳоро тарк намуданд.

Анҷоми мусобиқа 30  майи соли 2020 дар варзишгоҳи Олимпии Отатурки Истанбул баргузор мешавад.

Ғолиби кунунии мусобиқаи асосии клуб дар Аврупо Ливерпул аст.

                         Акс: © FrankHoermann / SVEN SIMON / globallookpress.com

Декабрь 17, 2019 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт