ДАСТОВАРДҲОИ СОЛИ 2019. Чоршанбе Аловатов дар озмуни Central Asia’s Got Talent ғалабаи мутлақ ба даст овард!
ДУШАНБЕ, 23.12.2019/АМИТ «Ховар»/. Чоршанбе Аловатов, овозхони ҷавони тоҷик, нахустин ғолиби мутлақи озмуни нахустини Central Asia’s Got Talent гардид ва 10 миллион тангаи қазоқӣ, баробар ба беш аз 26 ҳазор доллар ҷоизаи асосии озмунро соҳибӣ кард. Пирӯзии ӯ дар пайи овоздиҳии сокинони чаҳор ҷумҳурии Осиёи Марказӣ ба даст омад.
Чоршанбе Аловатов яке аз 12 иштирокдори даври ниҳоии Central Asia’s Got Talent ва намояндаи ягонаи Тоҷикистон дар даври охирин буд. Маросим рӯзи якшанбе, 22-юми декабр дар шаҳри Нурсултони Қазоқистон баргузор гардид.
Яке аз даҳҳо ҳазор нафар ҳаводорони сурудҳои ӯ эҳсоси гуворои шодию ифтихори худро дар шабакаи Facebook мухтасар чунин баён доштааст: «Якшанбе Чоршанбе шуд!». Бале, дирӯз ҳама номи Чоршанберо дар забон ва дар қалбу хотир доштанд, фазоро гӯё номи Чоршанбе пур карда буд.
Чоршанбе Аловатов дар даври ниҳоӣ таронаеро аввал ба забони итолиёӣ ва сипас тоҷикӣ иҷро кард. Вай дар даврҳои гузашта таронаи «Агар он турки шерозӣ»-и Далер Назаров ва «Акрамҷон»-и Муборакшоро хонда, мавриди ситоиши доварону тамошобинон қарор гирифта буд.
Чоршанбе 21-сола ва писари Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ, фалаксарои машҳур Ақназар Аловатов буда, дар шаҳри Хоруғи вилояти Бадахшон ба дунё омадааст ва дар Душанбе ба камол расидааст. Қаблан иштирокдори озмунҳои «Овози тиллоӣ» ва «Парвин» дар Тоҷикистон буд.
Озмуни байналмилалии Central Asia’s Got Talent дар даҳҳо кишвари дунё баргузор шудааст. Имсол ин озмун бори аввал дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор шуд. Дар ин озмун аз чаҳор кишвар довталабони зиёде иштирок карда, ҳунару тавоноиҳои худро ба намоиш гузоштанд. Аз Тоҷикистон дар ин озмун афроди алоҳида ва инчунин гӯруҳи рақсии «Падида» иштирок карданд.









Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад
Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»






