1471 ҷойи хатарнок барои зист муайян ва 331 нафар ба минтақаҳои бехатар кӯчонида шуданд

Январь 13, 2020 12:18

ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2019 дастаҳои  наҷотбахши Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 235 нафарро наҷот дода, ба зиёда аз 600 нафар осебдидаи офатҳои табиӣ кӯмак расониданд. Дар ин давра ҳамчунин кормандони Кумита  ба 25  минтақаи аз офатҳои табиӣ зарардидаи ҷумҳурӣ  маводи сохтмонӣ дастрас намуда,  бо истифодаи таҷҳизоти махсуси фавқулода 1471 ҷойи хатарнок барои зистро  муайян намуда,  331 нафарро  ба ҷойҳои бехатар кӯчониданд.

Ин  матлаб  зимни  ҷаласаи ҳайати мушовараи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба  натиҷаҳои фаъолият  дар  соли 2019   ва вазифаҳо барои соли 2020   баён гардид.

Тавре аз маркази матбуоти Кумитаи мазкур ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҷаласаи мазкур таҳти раёсати  сардори  Кумита, генерал-лейтенант Рустам  Назарзода сурат гирифта, дар он  мушовири калон, сардори шуъбаи дастгоҳи Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон   Юсуфҷон Юсуфзода   иштирок  намуд.

 Р.Назарзода зикр кард, ки соли 2019 ба Кумита  муяссар гардид, ки  сатҳи касбияти кормандонро баланд бардошта, бо муқтадир гардонидани  нерӯи техникии он ба аҳолии зарардидаи ҷумҳурӣ  сари вақт кӯмакҳои ҳамаҷониба расонанд.

Раиси Кумита  ҳамчунин  иброз дошт,  ки соли 2019  дар натиҷаи ҳамкории байналмилалӣ дар заминаи созишномаҳои баимзорасида  Кумита  тавонист ба  воҳидҳои наҷотдиҳӣ  тақрибан 200 номгӯи таҷҳизоти гуногун ва махсуси техникиро интиқол диҳад. Ин  таҷҳизоти  махсуси техникӣ ба баланд гардидани  сифати  кори   наҷотдиҳиҳандагон мусоидат  намуд.

Сипас дар ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳо ва дигар сохторҳои тобеи Кумита дар бораи фаъолияташон дар соли сипаришуда  шунида шуд, ки  дар ин зимн дар баробари зикри дастовардҳо камбудиҳои ҷойдошта  низ мавриди баррасӣ қарор  гирифтанд. Аз ҷумла, фаъолияти  Сарраёсати   КҲФ оид ба ҳифзи аҳолӣ ва ҳудудҳо, ки  соли 2019  ба  як зумра   хатогиҳо  роҳ доданд,  мавриди танқид қарор гирифт.

Ю. Юсуфзода кормандони  Кумитаро  даъват намуд, ки  дар оянда  низ ҳамкориро бо дигар вазорату идораҳо   тақвият бахшанд, зеро танҳо дар якҷоягӣ онҳо метавонанд ба натиҷаҳои боз ҳам баланди хизматӣ ноил гарданд.

Дар ҷаласа ҳамчунин  вазифаҳо барои соли 2020 муайян карда шуданд.
Дар охири ҷаласа  дар  Маркази ҷумҳуриявии таълимӣ-методии  Кумита  бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии  бештар ва таъмини фаъолияти самарабахши сардорони раёсатҳо, департаментҳо ва гурӯҳҳои КҲФ, ки дар шаҳрҳо ва минтақаҳои ҷумҳурӣ  ҷойгиранд,  машғулиятҳо  баргузор гардиданд.

Дар ҷараёни  машғулиятҳо  масъалаҳои ҳамкории  шуъбаҳои наҷотдиҳӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат   оид ба пешгирӣ ва вокуниш ба офатҳои табиӣ баррасӣ  шуданд. Ба  иштирокдорони машғулиятҳо маълумоти бештар дар бораи татбиқи босамари «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба коҳиши хатари офатҳои табиӣ барои солҳои 2019-2030»  ва «Барномаи рушди КҲФ барои солҳои 2018 -2022»  дода шуд.

Январь 13, 2020 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ дар соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2025 доир мегардад
ОГОҲӢ. Аз 27 то 29 январ дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
ИСТИФОДАИ КОРД АЗ ҶОНИБИ НОБОЛИҒОН. Андешаҳо оид ба ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғон
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Шумораи воҳидҳои корӣ дар вазифаҳои хизмати давлатӣ 440 адад зиёд гардид
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 январ, душанбе, 26-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд