65 нафар зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намуданд
ДУШАНБЕ, 13.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими супоридани дипломҳо ба 65 нафар хатмкунандаи зинаи магистратураи Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Тавре аз ин муассисаи олии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар чорабинӣ Ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Абдухалил Ғафурзода, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои кадрӣ Меҳрӣ Олимшоҳ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Аҳтам Абдуллозода, муовини директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Бибиосия Аюбӣ, муовини аввали раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, Сафири Ҷумҳурии Федеративии Олмон дар Тоҷикистон Андреас Протманн, роҳбари Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон дар Осиёи Марказӣ доктор Макс Майер, инчунин устодону кормандон ва хатмкунандагон иштирок намуданд.
Ректори Академия нахуст вобаста ба Паёми Пешвои миллат ибрози андеша намуда, зикр кард, ки Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Гуфта шуд, ки имрӯз дар ҷумурӣ 39 муассисаи таҳсилоти олӣ ба омода кардани мутахассисони соҳаҳои гуногун машғуланд. Миёни онҳо Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ягона муассисаи олиест, ки кадрҳои соҳаи хизмати давлатиро омода менамояд.
Хатмкунандаи магистратураи хизматчиёни давлатӣ Фирдавс Иброҳимзода аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли ҷавон изҳори андеша намуда, иброз дошт: «Мо ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошем, ташаббусҳои созанда нишон диҳем, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, ҳамзамон дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя кунем ва ҳамчун пайравони асили Пешвои миллат ба халқу Ватан хизмат намоем!».
Мавриди зикр аст, ки магистратураи хизматчиёни давлатӣ соли 2009 дар доираи Созишномаи дуҷонибаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бунёди Ҳаннс Зайдели Олмон аз рӯи ихтисоси идоракунии давлатӣ барои дастгирии хизматчиёни давлатӣ таъсис дода шудааст, ки дар он маҳз хизматчиёни давлатӣ аз тамоми вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар давоми 10 соли фаъолият 680 нафар хизматчии давлатӣ дар зинаи магистратура таҳсил намуда, соҳиби дипломи магистрӣ гардиданд, ки аз инҳо 200 нафарро занон ташкил медиҳанд. Дар соли таҳсили 2019 65 нафар зинаи магистратураи идоракунии давлатии хизматчиёни давлатиро хатм намуданд, ки аз ин нишондод 18 нафарро занон ташкил медиҳанд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба хатмкунандагон дипломҳо супорида шуд.








Дар моҳи феврал сокинони Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕҲНАТ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода шуд
МАРКАЗИ РУШДИ ҲУНАРМАНДӢ ВА МАЛАКАҲОИ КАСБИИ МУОСИР. Кадом касбу ҳунарро дар ин ҷо метавон омӯхт?
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ТАРМАФАРОӢ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон фаромадани тарма пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон оид ба таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ҷаласа доир шуд
ҲАДАФ-ҲИФЗИ ПАРАНДАГОН ВА ҲАЙВОНОТ. Дар Тоҷикистон корҳои биотехникӣ гузаронида мешаванд
Муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бо таҷҳизоти муосири омӯзишӣ таъмин карда мешаванд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон ҳашари барфтозакунӣ ташкил гардид
Аз шаби дирӯз то имрӯз дар масири Душанбе-Чанок 29 тарма фаромадааст
Лоиҳаи нави барномаи грантии Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи таҳсилоти касбӣ-техникӣ баррасӣ шуд
ПЕШГИРИИ ОВОРАГАРДИИ НОБОЛИҒОН. Бо ин мақсад дар шаҳри Бохтар санҷиши шабона гузаронида шуд






