ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Соҳибкорони ватандӯсти Мастчоҳ бинои истиқоматии панҷошёна ва меҳмонхона месозанд

Январь 9, 2020 08:20

 ДУШАНБЕ, 09.01.2020 /АМИТ «Ховар»/.  Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  ҷамоати шаҳраки Бӯстони  ноҳияи Мастчоҳ сохтмони бинову иншооти таъйиноташон  гуногун  ҷараён дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур то ҷашни истиқлолияти давлатӣ ба итмом расида,  ба истифода дода мешаванд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти  матбуоти  Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

7 январи соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ намуд. Зимни сафар мавсуф аз иншооти иҷтимоӣ ва варзишгоҳи маркази ноҳия дидан намуд. Иншооти варзишӣ бо 10 000 ҷойи нишаст аз тарафи Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода гардидааст. Барои бунёди варзишгоҳи марказӣ тибқи нақша 11 млн сомонӣ пешбинӣ гардида, корҳои сохтмонӣ алҳол босуръат идома доранд.

Раиси вилоят ҳамчунин дар маркази ҷамоати шаҳраки Бӯстон  бо ҷараёни сохтмони Қасри фарҳанги ноҳия шинос гардид. Қасри фарҳанг бо 1000 ҷойи нишаст аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «САНИИОСП» омода шуда, тибқи нақша барои корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизи иншоот беш аз 30 млн сомонӣ сарф хоҳад шуд. Фармоишгари ин ду иншооти мазкур Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, паймонкор ҶДММ «Сохтмон»-и ноҳияи Мастчоҳ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки дар бунёди иншооти нави фарҳангӣ 4 гурӯҳ бо фарогирии 45 нафар сохтмончиён фаъолият доранд ва мувофиқи нақша, сохтмони Қасри фарҳанг бояд то соли равон ба анҷом расад.

Мариди зикр аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 26 декабри соли 2019 зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «ман ба қудрати созандаву офарандаи мардуми сарбаланди тоҷик эътимод дорам ва як нуктаро дилпурона изҳор менамоям: мо ҳамаи иқтидору имкониятҳоро дорем, ки раванди ободкориву созандагиро беш аз пеш густариш бахшем, барои расидан ба ҳадафҳои миллиамон кӯшишу ғайрати бештар намоем, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ камбудиҳои мавҷударо бартараф кунем, рушди устувору босуботи мамлакати азизамонро таъмин созем ва рӯзгори ҳар як хонадони Тоҷикистонро аз имрӯза беҳтар гардонем».

Бо такя ба Паёми Сарвари давлат дар маркази ноҳияи Мастчоҳ бо иқдоми соҳибкори инфиродӣ Абдунабӣ Каримов бунёди бинои истиқоматии панҷошёна оғоз карда шуд. Бинои истиқоматии панҷошёна дорои 20 ҳуҷраи истиқоматӣ, мағозаву таваққуфгоҳ барои нақлиёт буда, дар он барои зиндагии истиқоматкунандагон шароити хуб фароҳам оварда мешавад. Масоҳати умумии бино 450 метри мураббаъ буда, тибқи нақша барои сохтмон 4 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳангоми сохтмону васлкунӣ зиёда аз 15 нафар бо кору маоши хуб таъмин мегарданд.

Пас аз мавриди истифода қарор гирифтан дар маркази тиҷоратӣ ва нуқтаҳои хизматрасонии бинои бунёдшаванда 10  нафар сокинон бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар баробари дигар иншооти мазкур барои сохтмони меҳмонхонаи замонавӣ санги асос гузошта шуд. Меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ Абдуваҳҳоб Ҳасанзода бунёд гардида, аз се ошёна иборат мебошад.

Меҳмонхона дорои 25 ҳуҷра ва 50 рахти хоб, толори варзишӣ, ҳавзи шиноварӣ ва таваққуфгоҳ буда, барои меҳмонон маркази хизматрасонӣ низ ташкил карда мешавад. Масоҳати умумии бино 3000 метри мураббаъ буда, барои сохтмон зиёда аз 12 миллион сомонӣ масраф гардида, ба корҳои сохтмониву васлкунӣ зиёда аз 20 нафар ҷалб мегарданд.

Бояд тазаккур дод, ки баъди ба истифода супоридани иншоот дар меҳмонхона 10 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз  соҳибкорони ватандӯст бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ободонии Ватани азизамон  саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Январь 9, 2020 08:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид