Аз 1 январи соли 2020 маоши кормандони Донишгоҳи технологии Тоҷикистон аз 10 то 30 фоиз баланд бардошта шуд

Январь 30, 2020 14:06

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 январи соли 2020 маоши кормандони Донишгоҳ аз 10 то 30 фоиз баланд бардошта шуд, — иброз намуд Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Илҳом Амонзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.

Ба зикри И.Амонзода, аз ҳисоби маблағҳои махсуси Донишгоҳ  маоши докторони илм  30 фоиз,  номзадони илм 25 фоиз, омӯзгони бе унвон ва дараҷаи илмӣ 10 фоиз зиёд карда шуд.

«Ба хотири дастгирии иҷтимоӣ ва беҳтар шудани вазъи зиндагии  фаррошон маоши онҳоро 20 фоиз зиёд намудем, ҳарчанд ки  зиёдшавии маоши кормандон аз 1 сентябри соли равон пешбинӣ шудааст. Дар баробари ин  роҳбарияти Донишгоҳ кӯшиш мекунад  маоши омӯзгоронеро, ки дорои дараҷа ва унвони илмӣ ҳастанд,  соли 2021 низ боло бардорад»,- гуфт Ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон.

Ҳамчунин номбурда зикр намуд, ки устодони Донишгоҳ соли гузашта дар озмунҳои дохилӣ ва  байналмилалӣ иштирок намуда, соҳиби дастовардҳои назаррас гардиданд.  Аз ҷумла Заррина Яминова дар озмуни  “Беҳтарин ихтироъкори Тоҷикистон”  иштирок намуда, аз ҷониби Ташкилоти  патентии Авруосиёгӣ барои фаъолияти ихтироъкорӣ бо медали тиллои “Блинников В.И.” ва Холназар Иброгимов “Ихтироъкори беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон” дониста шуда, аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ бо Медали WIPO -2019  сарфароз гардонида шуд.

Инчунин мудири кафедраи кимиё, дотсент  Мавзуна Шарипова дар Озмуни байналмилалии занҳои ихтироъкор “KIWIE-2019”, ки 20-23 июни соли 2019 дар Ҷумҳурии Корея баргузор гардид, иштирок карда, сазовори Дипломи ҷойи фахрии III ва медали биринҷӣ дониста шуд.

Январь 30, 2020 14:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид