Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон соли 2021 дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ Федератсияи байналмилалии дзюдо (IJF) ва Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон созишномаеро ба имзо расониданд, ки тибқи он Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо миёни калонсолон соли 2021 дар шаҳри Тошканд баргузор мегардад. Созишномаи мазкур зимни сафари президенти Федератсияи байналмилалии дзюдо Мариус Визер ба Ӯзбекистон бо раиси Федератсияи дзюдои Ӯзбекистон Азизҷон Комилов имзо шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бино ба иттилои манбаъ, бояд Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо дар пойтахти Австрия баргузор мегардид. Бинобар сабаби танишҳои коррупсионӣ Вена аз мизбонии чемпионати ҷаҳон даст кашид.
Ёдовар мешавем, ки бори аввал дар таърихи дзюдо IJF ва Федератсияи байналмилалии варзиши нобиноён (IBSA) ба нақша гирифта шуд, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдоро соли 2021 якҷо доир намоянд. Гуфта мешавад, ки мусобиқоти IBSA пас аз анҷоми Чемпионати ҷаҳон оид ба дзюдо доир хоҳад шуд.
Баргузории Чемпионати ҷаҳонии дзюдо соли 2022 дар Будапешт ва соли 2023 дар Доҳа ба нақша гирифта шудааст.








Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд
Ғолибони даври якуми Чемпионати Тоҷикистон-2026 оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт






