«ДАР ДУНЁ БЕҲТАР АЗ СУЛҲУ СУБОТ ЧИЗЕ НЕСТ». Собиқ муҳаррири Телевизиони тоҷик, ҳоло коршиноси масоили байналмилалӣ Неъматулло Мирсаидов тағйирот дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро «умедворкунанда» номид

Январь 29, 2020 14:20

ДУШАНБЕ, 29.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Дар дунё беҳтар аз сулҳу субот чизе нест», — изҳор дошта буд чанде қабл дар суҳбат бо хабарнигорон роҷеъ бо муноқишаҳо дар сарҳади Тоҷикистону  Қирғизистон собиқ муҳаррири Телевизиони тоҷик, ҳоло коршиноси масоили байналмилалӣ Неъматулло Мирсаидов.  Дирӯз Н. Мирсаидов, ки худ зодаи шаҳри Исфара буда, наметавонад нисбат ба ҳодисаҳои дар наздикии деҳаашон сарзада бетараф бошад, рӯи саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook чанд сатр мусаббат намудааст. Дар ин сатрҳо хушҳолӣ ва қаноатмандии муаллиф эҳсос мешавад. Хушҳолию қаноатмандӣ аз тағйироте, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи ҳукуматҳои ду кишвари ҳамсоя дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ шудаанд.

Неъматулло Мирсаидов, аз ҷумла, навиштааст:     

«Тағйироти умедворкунанда дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Дирӯз ба хоҳарам занг задам. Ба ҳамоне, ки дар марз, дар наздикии деҳаи Кӯктош зиндагӣ мекунад. Аз авзоъ пурсидам. Ӯ гуфт, ки ҳамсояҳо обро сар доданд ва ҳама ҳавзҳои худро пур карданд. Хабар дод, ки обро марзбонҳои тоҷике, ки дар хатти нави байни хонаҳову бошишгоҳҳои тоҷикону қирғизҳ навбатдорӣ мекунанд, сар доданд.

Ӯ ҳамчунин хабар дод, ки ба хонааш як ҳамсояи қирғизашон, ки солҳо боз аз дараш намедаромад, омадаст. Хоҳиш кардааст, ки барояш аз бозори тоҷикҳо харбуза бихарад. Ба завҷаи ӯ табибон истеъмоли харбузаро маслиҳат додаанд. Ӯ худаш ҳанӯз метарсад, ки ба бозори тоҷикҳо биравад.

Ҳамсояҳои қирғиз, ки пеш бо мо зиёд равуо доштанд, қариб ду сол боз амалан равуо бо тоҷикҳоро бас карданд. Яъне муносибатҳо иваз шуда истодаанд…

Бубинед, чӣ қадар хабарҳои мусбат дар як қитъа! Агар ҳар кадоми мо як кори мусбат кунад, пагоҳ 10 иқдоми мусбат мешавад, пасфардо – 20. Мутмаинам, ки ҳам ҳусни эътимод барқарор мешавад, ҳам дӯстӣ ва ҳам ҳамкорӣ. Табъан ҳусни ҳамсоягӣ низ барқарор хоҳад шуд.

ДАР АКСҲО: Зайловиддин Аюбов, тоҷики сокини деҳаи Чоркӯз дар боғаш себ мечинад. Дар он тарафи девор ҳамсояи қирғизи ӯ Абдураҳим Маҷидов дар ҳавлии хонааш алаф медаравад. Ҳамаи аксҳо — аз саҳифаи Н. Мирсаидов дар Facebook гирифта шудаанд.

Январь 29, 2020 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкории амниятиро барои муқовимат ба таҳдидҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми Осиё ва Уқёнуси Ором дар Филиппин иштирок намуд
Дар Кӯлоб ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид
ҲАР АМАЛИ НОДУРУСТ ҶАВОБГАРӢ ДАР ПАЙ ДОРАД! Дар Душанбе паҳнкунандагони доруи психотропии «Прегабалин» дастгир шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Вена дар конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ иштирок дорад
Дар Вена ҳамкории Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ баррасӣ гардид
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон ва Раёсати СММ оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ оид ба омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2026 ба хизмати ҳарбӣ доир гардид
Нозирони мизҳои ҳарбӣ дар шаҳри Бохтар ба машғулияти такмили ихтисос фаро гирифта шуданд
Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад