Дар Душанбе «Китоби роҳ ва фазилат»-и Лао-Сзи ба забони тоҷикӣ чоп шуд

Январь 16, 2020 11:20

ДУШАНБЕ, 16.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. 15 январи соли равон дар нашриёти «Контраст»-и шаҳри Душанбе китоби мутафаккири  машҳури Чини қадим  Лао-Сзи бо номи «Дао дэ сзин» («Китоби роҳ ва фазилат») бо забони тоҷикӣ чоп шуд. Мураттиби китоб  Сафири Тоҷикистон дар Чин Парвиз Давлатзода буда, он бо кумаки молиявии Маркази мубодилаи фарҳангии Тоҷикистону Чин интишор гаштааст. Ин нашрияи нодир дар Бунёди забони тоҷикӣ таҳти назари доктори илмҳои таърих, дипломати тоҷик Зафар Сайидзода ба чоп омода шудааст.

«Дао дэ сзин» (Китоби роҳ ва фазилат)-и Лао-Сзи ганҷинаи арзишманди андешаву хиради чинӣ ва яке аз бузургтарин китоб дар таърихи башар аст, ки масири фарҳанги ҷаҳонро садсолаҳо пеш муайян кардааст. Ба рози шуҳрат ва мондагории ин асари бостонӣ хонанда аз нашри ҳозир, ки нахустин тарҷумаи «Дао дэ сзин» ба забони тоҷикӣ мебошад, пай хоҳад бурд.

Барои пайравони даосизм ва миллионҳо алоқамандони фалсафа дар ҷаҳон «Дао дэ сзин» на танҳо асари дӯстдошта, ҳамчунин дастури ҳушмандӣ, роҳнамо дар пайроҳаҳои печидаи сарнавишт ва умуман, китобест, ки метавонад ба инсон шеваи зиндагии фарзона ва ҳадафмандро ёд диҳад.

Мураттибу ҳайати таҳририяи китоб умедворанд: «Дао дэ сзин» – ёдгори қадимаи андешаҳои файласуфи шаҳири чинӣ,- ки барҳақ «китоби фарзона»-аш ном мебаранд ва инак, ба китобдӯстони тоҷик тақдим мегардад, дархури завқу табъи хонандаи гиромӣ хоҳад гашт.

 

Январь 16, 2020 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Данғара «Шаҳраки наврӯзӣ» ташкил карда шуд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон майдони фаъолияти матбуоти шаҳри Турсунзода фарох гардид
Дар Хатлон Рӯзи матбуоти тоҷик бо қадрдонии рӯзноманигорон ва адибон таҷлил гардид
Дар Душанбе ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
ВОСИТАҲОИ АХБОРИ ОММА ВА МАСЪАЛАҲОИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Пагоҳ Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил мегардад
Моҳи октябр Фестивали байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» баргузор мешавад
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Доирабазм» баргузор мегардад