Дар Тоҷикистон «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо мусоидати техникию молиявии Лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ», «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон»-ро таъсис дод. Дар ин бора аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода аз фаъолияти «Маркази воридкунии маълумот ба махзани ягонаи электронии маъюбон» шинос шуд.
Дар маркази мазкур 20 нафар кормандони дорои касбияти гуногун дар самти технологияи иттиллотӣ, омори тиббӣ ва кори иҷтимоӣ тариқи шартнома ба кор ҷалб карда шуданд. Онҳо дар давоми 4 рӯзи аввали фаъолият ба махзани ягонаи электронӣ маълумоти зиёда аз 8 ҳазор маъюбро ворид намуданд. Дар назар аст, ки ҳар моҳ на кам аз 25 ҳазор варақаҳои аз нав бақайдгирифташудаи шахсони маъюб ба махзани ягонаи электронӣ ворид карда шаванд.
Бояд гуфт, ки тибқи қарори ҳайати мушовараи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии пурраи маъюбон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ, ки дар ҳайати он асосан зерсохторҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ ва муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббии шаҳру ноҳияҳо шомиланд, дар муддати 4 моҳ анҷом дода мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ зикр намуданд, ки бо мақсади танзими раванди таъини нафақаи маъюбӣ ва пешгирӣ кардани пардохти нафақаҳои маъюбии беасос ҳоло дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд лоиҳаи «Таҳкими низоми ҳифзи иҷтимоӣ» амалӣ шуда истодааст. «Тибқи он махзани ягонаи иттилоотӣ ва тартиби муосири баҳисобгирии шахсони маъюб таҳия гардида, то 6 моҳи минбаъда маълумоти дахлдор ба шабакаи ягонаи электронӣ гузаронида мешавад. Ин тадбир имкон фарҳам меорад, ки маблағҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷудошаванда самараноку суроғавӣ истифода гардида, шахсони воқеан маъюб аз онҳо бархурдор бошанд», — тазаккур доданд Сарвари давлат.








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






