Дастаи Душанбе дар мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола ғолибият ба даст овард
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола бо ғалабаи дастаи Душанбе анҷом ёфт. Мусобиқаи мазкур дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, он бо мақсади интихоби номзадҳо ба дастаи футболбоздухтарони то 19-солаи Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (АФОМ) роҳандозӣ гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Дар мусобиқа оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола 4 даста: Душанбе, Хатлон-1, Хатлон-2 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ иштирок карданд.
Мусобиқа тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор шуда, футболбозбонувони пойтахт бо роҳбарии сармураббӣ Зебо Қосимова дар ҳамаи бозиҳо пирӯз гардиданд ва медалҳои тиллоро ба даст оварданд. Инчунин дастаи ШНТМ соҳиби медалҳои нуқра ва дастаи Хатлон-1 соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд.
Дар натиҷа, беҳтаринҳо ба дастаи бонувони ҷавони Тоҷикистон оид ба футзал (U-19) ҷалб гардида, баҳри иштирок дар аввалин Чемпионати CAFA-2020 оид ба футзал миёни духтарони то 19-сола, ки аз 24 то 29 январ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки дар чемипионат оид ба футзал 6 дастаи мунтахаб аз Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Афғонистон иштирок мекунанд.
Натиҷаи мусобиқа миёни футболбоздухтарони то 19-солаи Тоҷикистон:
1-ум давр
Душанбе – Хатлон-2 – 4:3
Хатлон – ШНТМ – 3:4
2-юм давр
Хатлон-2 – Хатлон-1 – 1:5
Душанбе – ШНТМ – 8:2
3-юм давр
ШНТМ – Хатлон-2 – 4:1
Хатлон – Душанбе – 0:2








Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби занонаи Тоҷикистон (U-20) дар Чемпионати CAFA-2026 иштирок менамояд
Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Ню-Йорк фестивал баргузор менамояд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Варзишгарони тоҷик дар беш аз 80 мусобиқаи сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд
Дар Душанбе дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштингирӣ баргузор мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба ҷиу-ҷитсу ва грэплинг байни ҷавонон ва наврасон баргузор гардид
Дар Москва бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Мусобиқа оид ба футболи хурд таҳти унвони «Ҳамбастагӣ-2026» баргузор шуд
Дар ноҳияи Шаҳринав Маркази рушди бокс ва майдони варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар раддабандии нави ФИФА мақоми 101-умро соҳиб гардид
Дар Бадахшон лигаи волейбол байни мардон оғоз гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол дар бозии дӯстона тими миллии Ҳиндустонро мағлуб кард






