«Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рушди соҳибкорӣ беш аз 270 миллион сомонӣ қарзи имтиёзнок ҷудо намуд
ДУШАНБЕ, 10.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар иртибот ба эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ соли сипаригардида ба 26 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи умумии 26,1 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуд, ки 22 шаҳру ноҳияи мамлакатро дар бар мегирад. Аз «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади рушди ҳунарҳои мардумӣ- дӯзандагӣ, заргарӣ, кандакорӣ, қаннодӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ороишию армуғонӣ андешида шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва содироткунандагон аз Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сарчашма мегирад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ изҳор дошта буданд, ки «ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад. Ҳамзамон бо ин зарур аст, ки барои фаъолияти самарабахши қарздиҳии ин бонк ҷудо кардани маблағ аз буҷети давлат ҳамасола зиёд карда шавад».
Дар иртибот ба Паёми Пешвои миллат шурӯъ аз соли таъсис то ба имрӯз Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» фаъолияти худро ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба роҳ мондааст. Муассиса аз аввали фаъолият- соли 2013 тибқи қарорҳои Шӯрои нозирон ба 190 субъекти соҳибкорӣ дар ҳаҷми 270,4 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакатро дар бар гирифта, 51 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро фаро мегирад.
Бо назардошти қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои нозирон дар солҳои 2018-2019 соли гузашта ба 26 субъекти соҳибкорӣ ба маблағи умумии 51 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо гардид. Муассиса ҷиҳати рушди соҳибкорӣ, дастгирии занони соҳибкор ва баланд бардоштани нақши онҳо дар рушди соҳибкории истеҳсолӣ ба 30 соҳибкорзан 20,2 милион сомонӣ ва ба 17 соҳибкори ҷавон 27,0 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намудааст, ки он ба соҳаҳои гуногун рост меояд. Субъектҳои соҳибкорӣ давоми солҳои 2013-2019 ба натиҷаҳои зиёди молиявӣ ноил гардида, дар маҷмӯъ дар ҳаҷми 717,3 миллион сомонӣ маҳсулоти худро ба бозорҳои дохил ва хориҷи мамлакат ба фурӯш бароварда, 148,3 миллион сомонӣ андозҳои гуногун пардохт намуданд. Инчунин ба маблағи беш аз 197,5 миллион сомонӣ таҷҳизот ва воситаҳои истеҳсолӣ ворид намуда, фаъолияти истеҳсолии худро густариш дода, маҳсулоти хешро ба хориҷи давлат, дар ҳаҷми 101,5 млн. сомонӣ содирот намудаанд, ки асосан маҳсулоти хӯрокворӣ, сохтмонӣ ва нассоҷиро дар бар мегиранд. Илова ба ин, дар давраи мазкур 2280 ҷойи корӣ нигоҳдорӣ ва ташкил карда шуда, инчунин афзоиши таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар назар аст.
Мавриди зикр аст, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз лиҳози моҳият ва мазмуни баланд фарогири масоили сиёсӣ, иктисодӣ-иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсати хориҷии мамлакат буда, дар Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» онро барҳақ роҳнамои халқи Тоҷикистон дар арафаи таҷлили 30-солагии Истиқолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар».









Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид






