Гурӯҳи тарғиботӣ Паёми Пешвои миллатро ба сокинони шаҳри Ҳисор тавзеҳ дод

Январь 18, 2020 10:47

ДУШАНБЕ, 18.01.2020./АМИТ «Ховар»/. «Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ пайкест аз натиҷаҳои ҷамъбасти фаъолияти соҳаҳои гуногуни мамлакат ва муайянкунандаи  дурнамои рушди босуботи иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ», чунин зикр гардид, дар вохӯрии гурӯҳи тарғиботӣ, ки вобаста ба муҳтавои нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат дар шаҳри Ҳисор бо иштироки фаъолон ва аҳли зиёи шаҳр баргузор шуд. 

Раиси шаҳри Ҳисор Шарифҷон Ҷумъазода зимни тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти мамкат ба Маҷлиси Олӣ изҳор намуд, ки  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019-ро дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо дастоварду пешравиҳои ноилшудаи халқамон ба сифати боз як соли бобарор арзёбӣ намуданд. Татбиқи чорабиниҳои муайяншуда дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон б арои солҳои 2016-2020» барои расидан ба ҳадафи олии ҳукумат, хусусан  баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум мусоидат намуд.

Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паём тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ карданд. Хусусан дар Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул гардид, зеро рушди саноат барои таъмини устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Дар вохӯрӣ бо дахли рушди соҳаҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, ки дар Паёми Пешвои миллат махсус зикр гардидааст,  гуфта шуд, ки дар шаҳри Ҳисор ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ корҳои ободонию бунёдкорӣ бомаром идома дорад.  Ба ифтихори 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ бунёду азнавсозӣ ва таъмиру тармими зиёда аз 767 иншоот  пешбинӣ гардида,  204 иншооти таъйиноташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Зикр шуд, ки раванди корҳои ободонию бунёдкорӣ дар шаҳри Ҳисор собит менамояд, ки сокинони шаҳр бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ нуктаҳои Паёми Пешвои миллатро  сармашқ ва рисолати кору фаъолияти худ қарор дода, дар рушду пешрафти ҷомеаи Тоҷикистони муосир саҳми босазо мегузоранд.

Январь 18, 2020 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Фаромӯшхотирӣ дар калонсолон ба тағйироти синнусолӣ вобаста аст
1 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ИММУНИТЕТ. Он системаи муҳофизатии организм маҳсуб мешавад
Дар саросари Тоҷикистон иқдоми ҷумҳуриявии «Гулгардонӣ» оғоз гардид
«ЗАН-МАЗҲАРИ ПОКИЗАГӢ». Аз 1 март то 31 май иқдоми ҷумҳуриявии ободкорию тозакорӣ баргузор мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУДОФИАИ ШАҲРВАНДӢ. Дар Тоҷикистон бо ҷалби беш аз 78 ҳазор аҳолӣ 369 маротиба машқ гузаронида шуд
Дар Душанбе оид ба ворид намудани усулҳои нави ташхису табобат вохӯрӣ доир шуд
«СКАЛА – 2026». Дар Тоҷикистон тамрини махсуси байналмилалии наҷотдиҳӣ доир мегардад
Дар Тоҷикистон ҳавои рӯзи аввали моҳи март бебориш пешгӯӣ мешавад
ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд