Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби раиси вилояти Суғд муаррифӣ гардид

Январь 16, 2020 09:28

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 15 январ дар мақомати иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода маросими муаррифии иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳ Тоҳир Азиззода баргузор гардид.

Тавре аз хадамоти матбуотии Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, дар маросими муаррифӣ Раҷаббой Аҳмадзода ба раиси пешинаи ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода барои фаъолияти пурсамараш изҳори сипос намуда, ба Тоҳир Азиззода барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ барору комёбиҳо таманно намуд.

Ҳамчунин Раиси вилоят дар назди роҳбарияти ноҳия ҷиҳати беҳтар намудани вазъи соҳаҳои саноату кишоварзӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, баррасии саривақтии муроҷиати шаҳрвандон, дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ва боз ҳам беҳтар намудани нишондиҳандаҳо вазифаҳои мушаххас гузошта, изҳори боварӣ намуд, ки сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни ҷумҳуриявии Рӯзи Ваҳдати миллиро бо дастовардҳои арзанда истиқбол мегиранд.

Мавриди зикр аст, ки  Тоҳир Азиззода 17-уми апрели соли 1980 дар деҳаи Пастиғави ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ таваллуд шудааст. Ӯ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мебошад. Номбурда  дар вазифаҳои раиси бахши ҷавонони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ,  раиси хоҷагии деҳқонии ҷамоавии ба номи Мусо Исоев, роҳбари ҶДММ «Пастиғав» ва муовини якуми раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ кор кардааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 январи соли 2020 бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд  Тоҳир Азиззода таъин карда шуд.

Январь 16, 2020 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд