КОРОНАВИРУС: дар ҷаҳон ҳолати фавқулода эълон карда шуд
ДУШАНБЕ, 31.01.2020/ АМИТ «Ховар»/. Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) паҳншавии коронавируси навро дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳолати фавқулода эътироф кард. Дар ин хусус дирӯз, 30 январ дар ҷаласаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ин созмон қарор қабул карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи СУТ.
«Ман бо сабаби авҷгирии глобалии коронавирус ҳолати фавқулодаи байналмилалӣ эълон мекунам», — изҳор доштааст директори генералии СУТ Тедрос Адханом Гебрейесус дар Twitter.
Вай шарҳ дод, ки сабаби асосии ин тасмим на танҳо паҳншавии вирус дар Чин, балки ба қайд гирифта шудани он дар дигар кишварҳо низ ҳаст. СУТ, пеш аз ҳама, аз эҳтимолияти паҳн шудани вирус дар кишварҳое, ки низоми тандурустиашон суст рушд мекунад, изҳори нигаронӣ мекунад.
Тибқи маълумоти директори генералии СУТ, 7834 ҳолати сирояти 2019-nCoV тасдиқ карда шудааст, ки 7736 нафари онҳо дар Чин мебошанд. Ин тақрибан 99%-и ҳамаи ҳолатҳои бақайдгирифташуда дар тамоми ҷаҳонро ташкил медиҳад, — илова намуд Гебрейесус. Зиёда аз 170 нафар қурбони вирус гаштаанд ва ҳамаи фавтидаҳо дар Чин ба қайд гирифта шудаанд.
Директори генералии СУТ кӯшишҳои Чинро дар самти пешгирии паҳншавии ин беморӣ назаррас арзёбӣ намуд. Ӯ зикр намуд, ки Пекин дар мубодилаи маълумот оид ба вирус бо СУТ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ шаффофияти бештар нишон медиҳад. Ба назари ҷаноби Гебрейесус, «агар амалҳои саривақтии Чин намебуданд, дар ҷаҳон ҳодисаҳои беморӣ ва марг аз коронавирус бештар мегардиданд».








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






