КОРОНАВИРУС: ТОҶИКИСТОН ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ ВОРИДШАВИИ ИН БЕМОРӢ ТАМОМИ ЧОРАҲОРО МЕАНДЕШАД. Дар ин бора дар брифинге, ки дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе доир гардид, маълумоти муфассал дода шуд

Январь 31, 2020 11:40

ДУШАНБЕ, 31.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридшавии коронавирус ба мамлакат дар фурудгоҳҳо, истгоҳҳои роҳи оҳан ва нақлиёт тадбирҳои зарурӣ андешида, назоратро дар нуқтаҳои сарҳадӣ пурзӯр гардонидааст. Дар Фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе ва Хуҷанд бунгоҳҳои тиббӣ  ва нуқтаҳои санитарӣ-карантинӣ фаъолият доранд, онҳо бо дастгоҳҳои фосилавӣ — тепловизор ва термосканерҳо, ки ҳарорати бадани инсонро муайян менамоянд, муҷаҳҳаз гардидаанд.  

Дирӯз Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе дар ҳамкорӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин фурудгоҳ, ки дарвозаи кишварамон маҳсуб меёбад, брифинг доир намуд. Дар ин ҳамоиш хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия САИДЗОДА низ ширкат намуд ва чунин гузориш медиҳад:

— Дар брифинги матбуотӣ муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Мирҳамуддин Камолзода гуфт, ки бо  назардошти вазъи бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо  вазорату идораҳои дахлдор  ҷиҳати ошкор ва пешгирӣ намудани  бемории мазкур дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалии мамлакат тамоми  тадбирҳои заруриро  андешида  истодаанд. Мавсуф афзуд, ки ҳангоми  муайян намудани чунин беморон онҳо фавран дар ҳуҷраҳои махсусе, ки дар фурудгоҳҳо мавҷуданд, ҷойгир карда шуда, тавассути нақлиёти махсус ба  шуъбаҳои бемориҳои сироятӣ  интиқол  ва  таҳти назорати табибон қарор дода мешаванд.

Имрӯз тамоми сохторҳо вазифадор гардидаанд, то таҷҳизоти худро омода намуда, тамоми мусофиронеро, ки  ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, аз муоинаи тиббӣ   гузаронанд ва дар мавриди зарурӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Зикр шуд, ки алҳол дар 27 гузаргоҳи сарҳадии  мамлакат вобаста ба масъалаи мазкур аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд. Ҳамзамон аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ ва сохторҳои марбутаи он барои роҳ надодан ё ин ки сари вақт пешгирӣ кардани ин беморӣ андешида тадбирҳои иловагӣ шуда истодаанд.

Зикр шуд, ки эпидемияи намуди нави илтиҳоби шуш ва ангезандаи коронавируси 2019-nCo аз 31 декабри соли гузашта, ки дар шаҳри Вуҳони музофоти Ҳубэйи Чин хуруҷ намуда, дар муддати кӯтоҳ ба  тамоми музофотҳои Чин ва чандин кишварҳои дигари олам паҳн шудааст.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ М. Камолзода

Дар шароити кунунӣ Тоҷикистон қариб бо тамоми давлатҳои ҷаҳон, хусусан бо Чин муносибатҳои неки дӯстона ва робитаҳои қавии иқтисодӣ дорад. Аз Тоҷикистон ба кишварҳои  дигар тавассути  гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ,  роҳи оҳан, ҳавоӣ,  нақлиёт интиқоли молу маҳсулот  ва мусофирон  ҳамарӯза сурат мегирад.   Дар ин росто,  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади  пешгирӣ аз ворид нашудани коронавирус  тадбирҳои зарурӣ андеш ида шудаанд. Дар назди Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ ситоди доимоамалкунанда  таъсис дода шудааст, ба он тамоми сохторҳои вазорат ва дигар мақомот, ки дар дидбонгоҳҳои сарҳади давлатӣ фаъолият доранд, шомил гардидаанд.

Бо мақсади сари  вақт  дарёфт намудани гумонбарони ин беморӣ  дар гузаргоҳҳои  сарҳади давлатӣ, ки ҳамарӯза садҳо нафар мусофирон   онҳоро убур менамоянд, инчунин молу маҳсулот ворид карда мешаванд,  нуқтаҳои назорати санитарӣ –карантинӣ фаъол гардидаанд, ки онҳо ба таври шабонарӯзи фаъолият доранд. Тамоми мусофироне,  ки  ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешаванд, аз муоинаи ҳатмии тиббӣ мегузаранд, бо дастгоҳҳои махсус ҳарорати бадани онҳо санҷида мешаванд. Хусусан  шаҳрвандони Чин, ки  ба кишвари мо меоянд, дар зарфи ду ҳафта таҳти назорати  табибон  қарор дода мешаванд. Дар ҳолати  ошкор гардидани ягон аломати ин вирус гирифторон ба беморхонаҳои махсус интиқол дода шуда, таҳти муоина ва табобати  табибон қарор дода мешаванд.

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  овоза ва хабарҳои фейкиеро, ки вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда шуданд ва гӯё    дар дохили ҳавопаймои самти ҳаракаташ аз Чин ба  Тоҷикистон нафари мубталои коронавирус ба ҳалокат расидааст, беасос номид.

Мирҳамуддин Камолзода  тазаккур дод, ки дар доираи ситоди таъсисшуда дар асоси супориши Вазири  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  Беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии шаҳри Душанбе, беморхонаи клиникии бемориҳои сироятии кӯдаконаи шаҳри   Душанбе, Маркази тиббии шаҳрӣ ҳамчун табобатгоҳҳои махсусгардонидашуда барои бистарӣ намудани беморони марбут ба касалиҳои роҳи нафас ва бемориҳои  сироятӣ муайян карда,  дар дигар сохторҳо  захираи кофии маводи муҳофизатии инфиродӣ, маводи безараргардонанда ва зиддивирусӣ барои муолиҷаи ин гуна беморон омода гардидаанд. Ҳамзамон тамоми сохторҳои вазорат барои   муайян сохтани  гумонбарони мубталои   ин навъи вирус ва  ба муолиҷа фаро гирифтани онҳо  омода мебошанд.

Камолзода зикр кард, ки Вазорати тандурустии Тоҷикистон бо бо  Созмони   Умумиҷаҳонии  Тандурустӣ,  бо вазоратҳои  тандурустии Чин  ва дигар давлатҳои ҳамсоя пайваста мубодилаи маълумот мекунад ва аз рӯи маълдумотҳои  то имрӯз бадастомада  омилҳои нигаронкунанда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  мушоҳида карда намешаванд.

Он шаҳрвандони Чин, ки дар корхонаҳои муштарак дар Тоҷикистон кор менамоянд, баъди таҷлили Соли нав баргашта истодаанд. Тибқи дастури  Вазорат онҳо дар ҳуҷраҳои  махсусгардонидашуда  дар муддати  14 рӯз таҳти муоинаи  табибон қарор  дода мешаванд ва дар мавриди мушоҳида нагардидани ягон нишонаи ин вирус  ба кори маъмулӣ  бармегарданд, афзуд муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Инчунин бо дахли сарнавишти 48 нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  дар музофоти Ҳубэй қарор доранд,  М. Камолзода гуфт, ки Вазорат тавассути Вазорати корҳои хориҷӣ ва Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии  Мардумии Чин  оид ба вазъи саломатии онҳо пайваста дар тамос  аст. Ягон шаҳрванди  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, ки дар Чин кору таҳсил доранд, ба ин беморӣ гирифтор нагардидаанд ва омилҳои нигаронкунанда  дар ҷумҳурӣ  мушоҳида намегарданд.

Инчунин муовини вазир афзуд, ки коронавирусе, ки дар Чин хурӯҷ намудааст,  яке аз намудҳои бавуҷудоварандаи бемориҳои  роҳи нафас  ё зуком буда, бо гарм шудани ҳаво он  ба муҳити атроф он қадар устувор нест.

                                                Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

    ДАР АКСИ АВВАЛ: хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода (аз чап)  ва котиби матбуотии Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова

Январь 31, 2020 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд