Манзили истиқоматии маъюби гурӯҳи якум Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад
ДУШАНБЕ, 20.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Манзили истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Рӯдакии ноҳияи Восеъ, маъюби гурӯҳи якум Саодат Хоҷаева навсозӣ мешавад. Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ аз матиниродагии ин модари дорои имконоти ҷисмонии маҳдуд ситоиш намуда, рӯзгори ӯро намунаи ибрат хонданд.
Тавре аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, 17 январ раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати Саодат Хоҷаева ба манзили зисти ӯ рафта, ба ин хонавода аз номи Пешвои миллат туҳфаҳои пуливу молӣ расонид.
Тибқи иттилои манбаъ, айни замон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ корҳои навсозии хонаи истиқоматии С.Хоҷаева идома доранд.
Қурбон Ҳакимзода зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонии манзили зисти Саодат Хоҷаева таъкид намуд, ки дар баробари навсозии хона атрофи онро низ сафолакпӯш намоянд.
Ёдовар мешавем, ки Пешвои миллат гуфтанд, ки бояд мардуми мамлакат аз зиндагии чунин модарон ибрат гиранд. Зеро Саодат Хоҷаева модари 3 фарзанд буда, бо вуҷуди аз дасти гиро маҳрум будан бо пойҳои худ ба корҳои кишоварзӣ машғул шуда, аз ин ҳисоб рӯзгори худро пеш мебарад.
Номбурда бо вуҷуди сахтиҳои рӯзгор зиндагиро дӯст медорад. Ӯ рӯҳафтода нашуда, баҳри таъмини зиндагии сазовор барои пайвандонаш заҳмат мекашад.
Саодат Хоҷаева барои дастгирию кумаки беғаразонаашон ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода изҳори сипос намуд.








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд






