Мубориза бо коррупсия — кори дастаҷамъона, — бардошт аз вохӯрии судманд дар Хуҷанд
ДУШАНБЕ, 22.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа ва унсури таҳдидкунанда ба пешрафти давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он танҳо дар ҳолате натиҷабахш шуда метавонад, ки агар ҳар узви ҷомеа бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда барои паст кардани сатҳи он дар канор наистода, балки барои мубориза бо ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ ҳамкорӣ намояд.
Ин нуктаро сардори шуъбаи пешгирии коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шоира Мутаваллиён зимни мулоқот бо роҳбарону кормандони шуъбаю идораҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баён дошт.
Бино ба иттилои хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар», зимни мулоқот ҷараёни татбиқи нишондодҳои “Стратегияи муқовимат ба коррупсия барои солҳои 2013-2020” баррасӣ гардид.
Ҳамзамон зикр шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, барои ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок бо ин зуҳурот тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонанд.
Дар ҷамъомад ҳамчунин нуктаҳои асосии Паёми навбатии Президенти мамлакат, ки моҳи декабри соли гузашта ба Маҷлиси Олӣ ироа гардида буд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.








Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






