Насим Олимзода: «Корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии коронавирус боз ҳам пурзӯр карда мешаванд»
ДУШАНБЕ, 31.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар робита ба вазъияти фавқулодаи байналмилалӣ эълон гардидани коронавирус имрӯз дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Олимзода, муовинони вазир, роҳбарони раёсат ва муассисаҳои зерсохтори вазорат иштирок намуданд.
Насим Олимзода бо дарназардошти вазъи кунунии бемории сироятии коронавирус дар Ҷумҳурии мардумии Чин ба сардорони раёсат ва роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ супориш дод, ки ҷиҳати пешгирии бемории мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.
«Новобаста ба он, ки бемории мазкур дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст, корҳои омодагӣ ҷиҳати пешгирии ин беморӣ бояд боз ҳам пурзӯр карда шаванд»,- гуфт Н. Олимзода.
Чанде қабл АМИТ «Ховар» иттилоъ дода буд, ки бо мақсади пешгирӣ аз воридшавии коронавирус дар 27 гузаргоҳи сарҳадии калону хурд, ки дар сарҳадот бо кишварҳои ҳамсоя фаъолият мекунанд, аз 2 то 5 мутахассиси соҳаи тандурустӣ ва эпидемиологҳо фаъолияти шабонарӯзӣ мебаранд.
Ёдовар мешавем, ки 30 январ Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ зимни ҷаласаи хеш паҳншавии коронавируси навро дар соҳаи тандурустии ҷамъиятии дорои аҳамияти байналмилалӣ ҳолати фавқулода эълон кард.








Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон






