Нишасти матбуотӣ: Беш аз 3,3 миллион нафар муштариёни алоқаи мобилӣ симкортҳояшонро бо корти «ID» аз нав ба қайд гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 27.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Ҳоло қариб 4 миллион нафар муштариёни алоқаи мобилӣ дар мамлакат симкортҳояшон бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар фаъолият буда, симкортҳояшонро аз нав ба қайд нагирифтаанд. Дар ин хусус 27 январ муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абдураҳмонзода ба намояндагони расонаҳои хабарӣ иттилоъ дод. Мавсуф гуфт, ки то 31 декабри соли 2019 3 миллиону 36 ҳазору 433 нафар муштариёни алоқаи мобилӣ бо шиносномаи намунаи соли 2014 ё корти «ID» симкортҳояшонро дар ширкатҳои мобилӣ аз нав ба қайд гирифтаанд.
Бояд тазаккур дод, ки 15 феврал муҳлати азнавбақайдгирии симкортҳои мобилӣ дар мамлакат ба анҷом мерасад. Оё то ин муддат Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2016 «Дар бораи тартиб ва талаботи пайвастшавӣ ба шабакаи алоқаи барқӣ ва хизматрасониҳои вобаста ба он» иҷро мегардад?
Дар посух ба ин савол муовини сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Атоев гуфт, ки бо истифода аз тамоми имконоти мавҷуда умед аст то 15 феврали соли равон Қарори Ҳукумати мамлакат иҷро гардад. Номбурда зикр кард, ки дар Тоҷикистон теъдоди истифодабарандагони симкортҳои алоқаи мобилӣ беш аз 6,8 миллион нафарро ташкил медиҳад, ки аз ин омор зиёда аз 4,8 миллион нафарашон муштариёни фаъол мебошанд.
Посухи мовини сардори Хадамоти алоқаи мамлакат дар ҳолест, ки чанде қабл дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» мовини сардори Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии мамлакат, полковники милитсия Нуралӣ Сафарзода гуфта буд, ки «шурӯъ аз моҳи марти соли 2014, ки бори нахуст дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи нави шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон — корти «ID» ҷорӣ гардид, то 31 декабри соли 2019 беш аз 3 миллион нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаҳои шиносномавии Хадамот бо корти «ID» таъмин гардиданд».
Полковники милитсия зикр намуда буд, ки иқтидори пурраи Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ дар асоси реҷае, ки вуҷуд дорад, таъмини 1,2,- 1,3 миллион ва агар фаъолиятро пурзӯр намоем, то 1,5 миллион шиноснома дар як сол мебошад. Мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи намунаи соли 1996 баъди 40-солагӣ бемуҳлат аст. Ягон сохтор, воҳид, идора ё шаҳрванд ҳуқуқ надорад, ки шиносномаи соли 1996-ро эътироф накунад. Муҳлати шиносномаи намунаи соли 1996 то рӯзе, ки шаҳрванд дар қайди ҳаёт аст, эътибор дорад. Хусусан нафақахӯрон, шахсони пиронсол ва умуман дигар шаҳрвандон, ки агар симкорт надошта бошанд ҳоҷат надоранд, ки шиносномаи намунаи соли 1996-ро ба корти «ID» -шиносномаи намунаи соли 2014 иваз намоянд. Боз ҳам такрор менамоям, ки агар симкорт надошта бошанд. Ин гурӯҳи шаҳрвандон имкон доранд, ки камтар таваққуф намоянд, то издиҳоме, ки имрӯзҳо дар нуқтаҳои шиносномавию бақайдгирии ҷумҳурӣ мушоҳида мегардад, бартараф карда шавад, баъдан фурсат меёбанд то шиносномаи соли 1996 –ро ба корти «ID» бидуни саросемагӣ иваз намоянд.








Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад






