Ноҳияи Лахш: ҷамъоварии 100 ҳазор тонна картошка таъмин гардид

Январь 23, 2020 11:48

ДУШАНБЕ, 23.01.2019 /АМИТ «Ховар»/.  Кишоварзони ноҳияи Лахш соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои кишоварзӣ аз  майдони 4688 гектар 100 ҳазор тонна картошкаи хушсифат рӯёниданд, ки аз ин шумора 67 ҳазору 407 тоннаашро хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия  ҷамъоварӣ намудаанд.

Маҷмӯи умумии даромади  кишоварзони  ноҳияи Лахш  соли  2019 ба 338 миллиону  185,2  ҳазор  сомонӣ расид, ки   нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 688  ҳазор  сомонӣ зиёд   мебошад. Ин пешрафт барои  таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодии соҳаҳои хоҷагии халқ равона гардидааст. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Ба иттилои манбаъ,  дурнамои кишти картошка низ барзиёд иҷро гардид. Ба ҷойи 2800 гектари пешбинигардида дар ҳамаи сохтори кишоварзӣ  3147 гектар картошка кишт шудааст, ки нисбат ба дурнамо  347 гектар зиёд аст.

Дар ноҳия ҷиҳати зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, бунёди майдони боғ, барқароркунии боғҳои кӯҳна ва зиёд намудани майдони кишти зироат тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.

Тибқи дурнамои рушди соҳаи кишоварзии ноҳия соли 2019 бунёди зиёда аз 60 гектар боғи нав пешбинӣ гардида буд. Хушбахтона, бо ташаббуси деҳқонони ноҳия дар 78 гектар боғҳои нав бунёд гардида, 15 гектар боғҳои кӯҳна барқарор карда шуданд.

Январь 23, 2020 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»