НУРИ АБАД ДАР ҚАЛБҲО. Дар Китобхонаи миллии Ӯзбекистон бахшида ба 145-солагии Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ намоиши китобҳо идома дорад

Январь 30, 2020 10:31

ДУШАНБЕ, 30.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар қироатхонаи «Ӯзбекистон»-и Китобхонаи миллии ба номи Алишер Навоӣ дар Ӯзбекистон  намоишгоҳи китобҳо бахшида ба 145–солагии маорифпарвар, яке аз роҳнамоёни  маънавии ҳаракати ҷадидия, ношир ва сиёсатмадор  Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ  идома дорад,  хабар медиҳад АМИТ « Ховар» бо истинод ба  АМИ «УзА».

Дар намоишгоҳ асарҳо ва китобҳое ба маърази намоиш гузошта шудаанд, ки аз ҳаёт ва фаъолияти маорифпарвар Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ қисса  менамоянд.

Таври  маълум, ӯ соли 1875  дар Самарқанд ба дунё омадааст.  Дар радифи адабиёт ва таърих вай ҷиддан ба сиёсатшиносӣ мароқ зоҳир мекард. Аз тариқи рӯзнома ва маҷаллаҳо аз рӯйдодҳои ҷаҳон мунтазам огаҳӣ меёфт. Бо нияти зиёрати Макка забони арабӣ, таърих ва  назарияи исломро низ омӯхт .

Дар ташаккули  ҷаҳонбинии  Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ  рӯйдодҳои  таърихие, ки  дар ибтидои асри 20 рух додаанд, нақши  калон бозиданд. Беҳбудӣ  бунёдгузори маҷаллаи «Ойина»  буд, ки дар шаҳри Самарқанд интишор меёфт. Солҳои 1912 -13 Беҳбудӣ  барои  нашри рӯзномаи «Самарқанд» бо забонҳои  тоҷикӣ  ва ӯзбекӣ  кӯшиши зиёд ба харҷ дод.  Аз сафарҳо ба кишварҳои хориҷӣ  ӯ  беҳтарин  китобҳои маорифпарварона ва даструҳои таълимиро барои мактабҳои шакли нав меовард. Барои дар мактабҳои мусулмонӣ  ҷорӣ  намудани усулҳои нави таълим ва  як зумра илмҳои дунявӣ  мубориза мебурд.

Ӯ  ба зудӣ ҳамчун маорифпарвар ном бароварда,  ба эҳтироми мардум сазовор гардид.  Чун   инсони соҳибфарҳанг Беҳбудӣ  тарғибгари доимии  мероси умумиинсонии фарҳангӣ буд.

Қуллаи баландтарини истеъдоди нависандагии  Беҳбудӣ  драмаи ӯ «Падаркуш» мебошад, ки соли 1911 эҷод гардид.

Маҳмудхоҷа   муаллифи беш аз 200 асар  мебошад, ки ба забонҳои тоҷикӣ ва  ӯзбекӣ чоп шудаанд, аз ҷумла «Мунтахаби  ҷуғрофияи  умумӣ» (1903), «Китоб-ул –атфол» ( 1904) ва боз бисёр дигарҳо.

АКС аз «УзА»

Январь 30, 2020 10:31

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд