ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво қисман абрноку тағйирёбанда мешавад

Январь 2, 2020 08:04

ДУШАНБЕ, 02.12.2020. /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар  Тоҷикистон ҳаво қисман абрноку тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман дар назар аст. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво абрнок ва бебориш мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 0-5, дар баъзе ҷойҳо то 7-9 дараҷа хунук ва рӯзона аз 0+5 дараҷа дараҷа гарм мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона 20-25 ва рӯзона  3-8 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳаво абрнок ва дар доманакӯҳҳо бебориш мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани барф ва фаромадани туман дар назар аст.   Шамол  аз  самти ғарб бо суръати 3-8   метр дар як  сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм  ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.

Гуфта мешавад, ки дар вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда, нимаи дуюми рӯз дар баъзе ҷойҳо боридани борон ва фаромадани туман дар назар аст. Шамол аз самти  ғарб бо суръати  2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо ҳаво шабона 0+5 ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад. Дар  доманакӯҳҳо ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм   ва рӯзона 3+8 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрнок шуда, дар баъзе ҷойҳо боридани барфу борон ва фаромадани туман пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона  0+5 ва рӯзона 6+11  дараҷа гарм мешавад. Дар  ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона  аз 4 дараҷа хунук то 1  дараҷа гарм  ва  рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 6 дараҷа гарм  мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе  ҳаво тағйирёбанда шуда, эҳтимол борони кӯтоҳмуддат борад.  Шамол аз самти  ғарб бо суръати 2-7  метр дар як сония   мевазад.  Ҳаво шабона 1+3 ва  рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.

Январь 2, 2020 08:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд
ТАҶАЛЛИБАХШИ НИГИНИ ТОҶИ МИЛЛАТ. Андешаҳо дар мавриди арҷгузорӣ ба Зан-Модар
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Данғара ҷаласаи Комиссияи ҳудудӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон доир гардид
Ширкати «Париматч Тоҷикистон» ва КМВА Душанбе созишномаи ҳамкориро тамдид намуданд
Ajoyib.TV: шабакаҳои телевизионӣ ва онлайн-кинотеатрҳо дар як хизматрасонӣ