Президенти нави БОР Масатсугу Асакава ба фаъолият шурӯъ кард
ДУШАНБЕ, 17.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масатсугу Асакава ба ҳайси президенти даҳуми Бонки Осиёгии Рушд ба фаъолият шурӯъ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти БОР дар Тоҷикистон.
«Барои ман шарафи бузург аст, ки президенти БОР бошам ва фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо 68 кишвари аъзо оғоз намоям. БОР беш аз ним аср шарики боэътимод дар минтақа буда, рушди устувор ва некӯаҳволии одамонро дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором беҳтар месозад. Ман ба он мекӯшам, ки БОР ҳамоно аз ҷониби мизоҷон ва шарикон хуб пазируфта шавад»,- гуфт М. Асакава.
Масатсугу Асакава Такехико Накаоро дар ин вазифа иваз намуд, ки ӯ 16 январи соли 2020 ба истеъфо рафт.
Дар давоми чор даҳсолаи фаъолияти корӣ Масатсугу Асакава як қатор мансабҳои роҳбарикунандаро дар Вазорати молияи Япония, аз ҷумла вазифаи муовини вазири молия оид ба корҳои байналмилалиро ишғол менамуд ва таҷрибаи васеи касбиро дар соҳаи сиёсати рушд, бозорҳои асъор ва сиёсати андозу молия касб намудааст.
Ӯ соли 2019 вазифаи муовини вазири молияро дар саммити G20 дар Осака ва дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои G20 дар Фукуоке (Япония) иҷро мекард. Ба ҷуз ин, дарҳол пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ӯ дар ҷаласаи аввалини роҳбарони G20 ба ҳайси ёвари ҳамонвақтаи сарвазир Таро Асо ширкат намуда буд. Масатсугу Асакава борҳо бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, аз ҷумла ба ҳайси раиси Кумита оид ба масъалаҳои молиявӣ дар солҳои 2011 ва 2016 саҳмгузорӣ намуда буд. Таҷрибаи калони байналмилалии М.Асакава фаъолияти ӯро ба ҳайси сармушовири президенти БОР Кимимас Тарумидзо дар давраи солҳои 1989 то 1992 дар бар мегирад, ки вай дар ин муддат роҳбарии чорабиниҳоро оид ба таъсиси идораи нав дар БОР, ки бо банақшагирии стратегӣ машғул буд, ба уҳда дошт.
«Хеле хушнудам, ки дар Манила ҳастам, ин ҷо фаъолияти худро ба ҳамкорӣ бо аъзои БОР дар минтақа ва берун аз ҳудуди он мебахшам ва фикру мулоҳизаҳои онҳоро мешунавам. Ба шарофати таҷрибаи кормандони БОР ва ба болоравии фаъолияти минбаъдаи он итминон дорам, БОР ба хатарҳое, ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, муқовимат карда метавонад. Ман ӯҳдадор мешавам, ки ҳамаи корро анҷом диҳам, то Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором ба шукуфоӣ, ҳамбастагӣ, қудрати ҳаётӣ ва устуворӣ муваффақ шаванд», — гуфт М. Асакава.
Масатсугу Асакава ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи Токио аз соли 2012 то 2015 ва дар Донишгоҳи Сайтама аз соли 2006 то 2009 фаъолият намудааст.
Ӯ унвони бакалаврро соли 1981 дар Донишгоҳи Токио ва дараҷаи магистрро соли 1985 дар Донишгоҳи Принстон гирифтааст.








Дар Хатлон неругоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 500 мегаватт сохта мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.5981 то 9.6300 сомонӣ муқаррар шудааст
ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд






