Президенти нави БОР Масатсугу Асакава ба фаъолият шурӯъ кард

Январь 17, 2020 14:52

ДУШАНБЕ, 17.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Масатсугу Асакава ба ҳайси президенти даҳуми Бонки Осиёгии  Рушд ба фаъолият шурӯъ кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти БОР дар Тоҷикистон.

«Барои ман шарафи бузург аст, ки президенти БОР бошам ва фаъолияти худро дар ҳамкории зич бо 68 кишвари аъзо оғоз намоям. БОР беш аз ним аср шарики боэътимод дар минтақа буда,  рушди устувор ва некӯаҳволии одамонро дар минтақаи Осиёву Уқёнуси Ором беҳтар  месозад. Ман ба он мекӯшам, ки БОР ҳамоно аз ҷониби мизоҷон ва шарикон  хуб пазируфта шавад»,- гуфт М. Асакава.

Масатсугу Асакава Такехико Накаоро дар ин вазифа иваз намуд, ки ӯ 16 январи соли 2020 ба истеъфо рафт.

Дар давоми чор даҳсолаи фаъолияти корӣ Масатсугу Асакава як қатор мансабҳои роҳбарикунандаро дар Вазорати молияи Япония, аз ҷумла вазифаи муовини вазири молия оид ба корҳои байналмилалиро  ишғол менамуд ва таҷрибаи васеи касбиро дар соҳаи сиёсати  рушд, бозорҳои  асъор ва сиёсати андозу молия касб намудааст.

Ӯ соли 2019 вазифаи  муовини вазири молияро дар саммити  G20 дар Осака ва дар вохӯрии вазирони молия ва раисони бонкҳои марказии кишварҳои  G20   дар  Фукуоке (Япония) иҷро мекард. Ба ҷуз ин, дарҳол пас аз бӯҳрони ҷаҳонии молиявӣ ӯ дар ҷаласаи аввалини роҳбарони G20 ба ҳайси ёвари ҳамонвақтаи сарвазир  Таро Асо  ширкат намуда буд.  Масатсугу Асакава борҳо бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, аз ҷумла ба ҳайси раиси Кумита оид ба масъалаҳои молиявӣ дар солҳои  2011 ва 2016 саҳмгузорӣ намуда буд. Таҷрибаи калони  байналмилалии М.Асакава фаъолияти ӯро ба ҳайси сармушовири президенти БОР Кимимас  Тарумидзо дар давраи солҳои 1989 то 1992 дар бар мегирад, ки вай дар ин муддат роҳбарии чорабиниҳоро оид ба таъсиси идораи нав дар БОР, ки  бо банақшагирии стратегӣ машғул буд, ба уҳда дошт.

«Хеле хушнудам, ки дар Манила ҳастам, ин ҷо фаъолияти худро ба ҳамкорӣ бо аъзои БОР дар минтақа ва берун аз ҳудуди он мебахшам ва фикру мулоҳизаҳои онҳоро мешунавам. Ба шарофати таҷрибаи кормандони БОР ва ба болоравии фаъолияти минбаъдаи он итминон дорам, БОР ба хатарҳое, ки минтақа бо онҳо рӯ ба рӯ мешавад, муқовимат карда метавонад. Ман ӯҳдадор мешавам, ки ҳамаи корро анҷом диҳам, то Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором ба шукуфоӣ, ҳамбастагӣ, қудрати ҳаётӣ ва устуворӣ муваффақ шаванд», — гуфт М. Асакава.

Масатсугу Асакава ба ҳайси профессор дар Донишгоҳи Токио аз соли 2012 то 2015 ва дар Донишгоҳи Сайтама аз соли 2006 то 2009 фаъолият намудааст.

Ӯ унвони бакалаврро соли 1981 дар Донишгоҳи Токио ва дараҷаи магистрро соли 1985 дар Донишгоҳи Принстон гирифтааст.

Январь 17, 2020 14:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1030 то 0.1144 сомонӣ муқаррар шудааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад