Сенатори ИМА Марко Рубио: Амрико баъди ҳамлаи Эрон тадбирҳои ҷавобӣ меандешад
ДУШАНБЕ, 08.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Сенатори Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Марко Рубио гуфт, ки Амрико ба вазъ ҷиҳати муайян кардани чораҳои мувофиқ барои ҳамлаи Эрон баҳо медиҳад.
«Ба ман дар бораи ҳамлаҳои мустақими Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки аз қаламрави Эрон ба ду пойгоҳ дар Ироқ шоми имрӯз мушак партофта шуд ва дар он қувваҳои эътилоф ҷойгиранд, иттилоъ доданд. Барои муайян кардани ҷавоби мувофиқ арзёбии пурраи вазъият идома дорад», — навиштааст ӯ дар Твиттер.
Қаблан сухангӯи президенти ИМА Доналд Трамп Стефани Гришэм гуфта буд, ки вай аз ҳамла ба пойгоҳҳои амрикоӣ дар Ироқ огоҳ аст ва бо гурӯҳи мушовирони худ машварат мекунад.
Намояндаи Пентагон Ҷонатан Хоффман изҳор дошт, ки зарба аз ҳудуди Эрон зада шудааст. Гуфта мешавад, ки ба пойгоҳи Айн-ал — Асад дар ғарби Ироқ ва пойгоҳ дар Эрбил ҳамла сурат гирифтааст. Масъулияти ин ҳамларо Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бар дӯш гирифт.
Дар акс: сенатор Марко Рубио. Акс аз бойгонӣ








Индонезия бақайдгирии кӯдакони то 16-соларо дар шабакаҳои иҷтимоӣ манъ мекунад
Истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ дар Туркия уҳдадор мешаванд синни худро тасдиқ намоянд
Австрия нақша дорад, ки дастрасии кӯдакони то 14-соларо ба шабакаҳои иҷтимоӣ манъ намояд
Шумораи ҳалокшудагони заминларза дар Афғонистон ба 7 нафар расид
Се олим бо ҷоизаи Нобел дар бахши иқтисод дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд
Дар шаҳри Толятии Федератсияи Русия ошхонаи миллии тоҷикӣ ифтитоҳ гардид
Раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2026 ба Туркманистон гузашт
Имрӯз дар Минск ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ баргузор мегардад
Шумораи давлатҳо ва ҳайатҳое, ки дар Бозиҳои III ИДМ иштирок менамоянд, эълон гардид
Анутхин Чанвиракун Сарвазири нави Таиланд интихоб гардид
Дар Покистон 766 ҳазор нафар аз минтақаҳои аз обхезӣ зарардида кӯчонида шуданд
Бар асари заминларзаи шадид дар Афғонистон беш аз 1120 нафар ҳалок шуданд






