Содиқи Кашрӯдӣ: «Сада – ҷашни оташ, рамзи пирӯзии равшанӣ бар торикӣ ва гармӣ бар сардиҳост… »

Январь 30, 2020 08:50

ДУШАНБЕ, 30.01.2020/АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳафтаи гузашта дар Тоҷикистон иди Сада таҷлил гардид.  Тавре хабар дода будем, фарорасии  ин иди бостонӣ дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ба таври мутантан ҷашн гирифта шуд.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба ин муносибат зикр намуданд: «Гузаштагони мо барои талқини заҳматдӯстӣ, рушди кишоварзӣ ва арҷгузорӣ ба заҳмати одамон ин ойинҳоро таҷлил  намуда, умеду орзу ва нияту ҳадафҳои худро дар доираи онҳо ифода мекарданд».

Дар иртибот ба ин ҷашни хуршедӣ шоир Содиқи Кашрӯдӣ андешаҳояшро ба АМИТ «Ховар» чунин баён дошт:

Содиқи Кашрӯдӣ

—   Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Ҳар он миллате бедор нест, ҳушёр нест, бонангуор нест, аз гузаштаи худ ёд намекунад, ба гузаштаи худ фориғболӣ мекунад, барои озодии худ ва ободии меҳани худ намекӯшад,  аз хушиҳои ҷаҳон бенасиб мемонад».

Сарвари давлат тӯли солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари самтҳои гуногуни рӯзгори мардум  ҷиҳати зиндаву ҷовид кардани кешу оин ва ёдгориҳои аз ёд рафтаи мардуми тоҷик, рӯ овардан ба аслу насли худ, ба кону макон ва дурру гавҳари худ корҳои беандоза  зиёд ва шоёни таҳсин карданд ва, ба бахти мардуми тоҷик, ба шодии руҳу равони гузаштагони мо,  бо неруи хирад ва тобу тавони Пешвои  муаззами миллат ин корҳо беш аз пеш дар тобишу такон ва рангу рӯи тоза ҷилвагар мешаванд.

Сада пеш аз ҳама ҷашн аст, ҷашни пайдоиши оташ аст. Ҷашни гармиву равшанӣ аст. Ҷашни пирӯзии гармиву рӯшанӣ бар сардиву торикӣ аст. Ҷашни мардуми оритабор аст. Моли мардуми  тоҷик ва дигар халқҳои ориёинажод аст.   Накӯ ҳам ҳаст ва накӯ боядаш  дошт.

Сада фарҳанг аст.  Сада ҳастиву гардиш аст. Намоди некӣ аст.   Бисёр куҳан аст. Гузаштаи дур дорад. Ҷашн гирифтани Сада —  ин гиромидошти оташ аст. Бе оташ чун дар гузаштаи дур зиндагӣ сангин аст. Бе ранг аст.

Сада то ҷорӣ шудани дини ислом хеле васеъ ҷашн гирифта мешуд, аммо баъдан қариб аз байн рафт. Баъзе унсурҳои он, масалан афрӯхтани оташ ва хурсандиҳо кардан дар атрофи он, дар байни халқҳои эронӣ ҳоло ҳам боқӣ мондааст.

Аз рӯи он бурҳонҳое, ки мо дар даст дорем, ба ҷашни Сада Қутайбаи хунхор садд гузоштааст.

Зи мардум бурд Наврузу ҷашни Сада,
Бикард хомӯш оташ дар оташкада.

Ва ё:

Равонаш бисӯзад ба оташкада,
Ки ӯ кард мансух ҷашни Сада.

Ҳарчанд таърих борҳо бар сари мардумамон селоби балоҳо рехта, бисёр расму оинҳои моро ба нестӣ бурдааст, вале ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон алорағми ин ҳама ҷафокориҳо боз ҳам мисоли мурғи Самандар аз оташи сӯзони зулми аҷнабиён рақсон бадар омад.

Мавриди зикр аст, ки Сада — ин ҷашни бостонии тоҷикон мероси муқаддаси ниёгонамон, чун Наврӯз ва Меҳргон, дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо карда, бо ибтикори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромад ва ҳамасола бошукуҳтару пуртантана таҷлил мешавад

Зи ту зинда шуд Меҳргону Сада,
Ҷаҳонӣ шуд Наврӯзи оташкада.

Дар мавриди Сада  Сарвари давлатамон дар китоби худ «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» чунин нигоштаанд:

«Дар миёни неруҳои сершумори бадӣ, дар дашту ҷангалҳои Осиёи Марказӣ, ки инсонро дар азобу таҳлука меандохт, бахусус сардиву торикӣ хеле зиёновар буданд, ки бар зидди онҳо озар ё оташ хеле муассир буданд. Бар зидди торикӣ бошад Хуршед чун унсури тавоно муқаддас дониста мешуд. Нисбати ҳамин аст, ки Хуршед дар миёни нажоди мардуми бостон ситоиш ва парастиш шудааст».

Дар гузашта ва имрӯз низ душманони тоҷик ва хоинони миллат пешниҳод мекунанд, ки мо аз гиромидошти оташ даст бардорем. Мо ориёҳо, меҳр ба Офаридгор ва нерўи офарандагии ӯро дар нури Хуршед ва оташ мебинем. Гармии Хуршед ва оташ моро тавон мебахшад, ба мо дар зиндагӣ кумак мекунад, бе Офтобу оташ зиндагӣ нест ва буда наметавонад. Мо бояд ин партави Аҳуроиро ҷовиду побарҷо нигоҳ дорем.   Мо мардумони оринажод аз ҳар касе ва ҳар чизе ба мо некӣ расад, ба некӣ посух мекунем. Мо носипос нестем. Он сон, ки Пешвои гиромӣ гуфтанд: «Аз ҷое, ки нон хурдӣ, он намакдонро пос дор».

Оташ яке аз чор унсури ҳастии ҷаҳон аст. Онон, ки як соат зиндагии худро бе Офтобу оташ тасаввур кардан наметавонанд, ба он носипосӣ мекунанд ва мехоҳанд онро хомӯш кунанд. Дар ин росто ва вобаста ба  бузургии  оташ чанд байте аз манзумаи Сайидои Насафӣ, ки дар бораи сармои зимистон гуфтааст, ба хонанда пешниҳод мекунам.

Ба мардум чунин кард сармо ҳуҷум,

Талабгор гаштанд боди самум.

Дар оташ шуда зоҳидонро нишаст,

Худоҷӯ зи нав гашта оташпараст.

Гар ин вахт маҳшар шавад ошкор,

Ҳама халқ дӯзах кунад ихтиёр.

Касе номи оташ барад бар забон,

Пур аз лаъл созанд ӯро даҳон…

Пайдоиши Садаро ба Шоҳ Ҳушанг  раб медиҳанд. Дар эҷоди суханвари бузург Фирдавсии Тўсӣ, Унсурӣ, Манучеҳрии Дамғонӣ ва дигарон дар бораи  замони  пайдоиши Сада ва ҷашн гирфтани он суханҳо гуфта шудааст.

Дар гузашта то замони қамар мардуми тоҷик Садаро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирифтанд. Дар рӯзи Сада гулхан афрӯхта, дар гирди он нағмаву бозӣ мекарданд, дасти ҳам гирифта суруд мехонданд, шодӣ мекарданд. Ба гуфтаи Ҳаким Фирдавсӣ :

Яке чомахону яке чангзан,
Яке пой кўбад шикан дар шикан.

Ҳатто арӯсу домодро дар гирди гулхан гирд мегардонданд. Бо оташ ҳатто дармон мекарданд. Дар торикиҳо, бавижа дар кӯҳу дара барои аз ҷонварони ёбоӣ бегазанд мондан  оташро истифода мекунанд. Ҳатто нафароне ҳастанд ҳангоми танҳоӣ дар шаб бо чароғ хоб мекунанд, чароғ онҳоро аз бим нигоҳ  медорад.

Умуман  манфиати  оташ бисёр аст. Ва ба он бояд босипос буд. Дар шаҳру русто оташкада буд ва нигоҳбони худро дошт. Бавижа дар вилояти Балх оташкадаи Навбаҳор хеле бузург ва овозадор буд. Ҳама ин ҷашнгириву гиромидошти Сада, ҳама ин оташу оташкада аз дасти ун морхорони бефарҳанг ба боди нестӣ дода шуд. Дареғ.

Бо дастури Пешвои   гиромиамон Ҷашни Сада  мақоми  қонунӣ ва давлатӣ пайдо кард ва 30 январ Рўзи ҷашни Сада  эълон карда  шуд. Онро мардуми тоҷик ва дигар мардумони оринажод ба хушиву хуррамӣ ҷашн мегиранд.

Шикасти садди Сада, эй далер,
Ту боло гирифтиву хасми ту зер.

Вобаста ба ҷашни Сада ва паҳлуҳои гуногуни он дар пайи бузургони донишу хирад сарводае эҷод кардам ва онро ба хонандагони гиромӣ пешкаш мекунам.

Сада

Сада оини халқи тоҷдор аст.

Ба мо аз насли орӣ ёдгор аст.

Варо пайдо зи Ҳушангшоҳ бо санг,

Чу даст бурдан ба кушти аждаҳор аст.

Ҳазорон солҳо пайдоиши он,

Ба панҷоҳ рӯзу шаб пеш аз баҳор аст.

Ки ҳарчанд тозӣ кардаш манъу мансух,

Вале бо амри Пешво рўи кор аст.

Агарчи хоинон з-онанд дар ранҷ,

Аз он моро хуши дар рўзгор аст.

Агар оташ набошад, нест гетӣ,

Ки оташ варҷаи парвардигор аст.

Ба оташ ҳар ки дорад носипосӣ,

Варо хӯрок ганду заҳри мор аст.

Ки зеро нону ошу гармии мо,

Зи нерую наванди нуру нор аст.

Ба тан ҷон бахшаду бар дидаҳо нур,

Ки оташ сурх чун рўи нигор аст.

Зи нуру неруи Хуршеду оташ,

Рухи тоҷик сурх ҳамчу анор аст.

Ва ҳам гарм аст тан аз оташи Суғд,

Ки руву чашми суғдӣ меҳрбор аст.

Ки ҳамчун боду хоку об, оташ,

Муқаддас асту бо мо созгор аст.

Сада чун Меҳргону рӯзи Наврӯз,

Ба мову ҳастии мо ёду ёр аст.

Намирад оташи Ҳушанг ҳаргиз,

Аз он гетӣ саросар нурбор аст.

Баланд афрўхт Зардушт оташи Суғд,

Паямбар асту ӯ, оритабор аст.

На оризод аз гармии оташ,

Ҳама фарзанди Одам комгор аст.

Ҳар он к-ӯ кард дар дил меҳри оташ,

Ба Эзид наздик асту бахтёр аст.

Касе кӯшад ба хомӯшии оташ,

Ки ӯ, чун Аҳраман аз аҳли нор аст.

Ки то тоҷик бошад дар ҷаҳон шод,

Сада чун чархи гардун пойдор аст.

Пайи ҳифзаш ҳама хурду бузургаш,

Чу Содиқ, Рустаму Исфандиёр аст.

Январь 30, 2020 08:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд
НИГОҲЕ БА САНЪАТИ МУСИҚӢ. Ҳамоиши илмию адабӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон
То ҷашни Наврӯз муассисаҳои фарҳангии таъмирталаби шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд навсозӣ мешаванд
Дар Душанбе оид ба назария ва амалияи санъат ва дизайн конференсия доир шуд
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Волидон ва омӯзгорони ғолибони озмун бо нишони «Аълочии маориф ва илм» ва «Маърифатпарвар» сарфароз гардонида шуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфи соҳиби ҷойи сеюм ва медали биринҷӣ гардид
Соли 2025 Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Чин баргузор мегарданд
Ҳунармандони Беларус дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос шуданд
«БО ХУНИ ДИЛ». Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Беларус дар Тоҷикистон намоишгоҳи мустанади адабӣ доир шуд
РӮЗҲОИ СИНАМОИ БЕЛАРУС. Филми «Орзуи қаҳрамон» дар бораи яке аз қаҳрамонҳои миллии Беларус қисса намуд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд
Доир ба иҷрои «Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои сатҳи баланди илмӣ барои солҳои 2021-2030» ҷаласа баргузор шуд