ТАВАҶҶУҲ! Маркази барномаҳои байналмилалӣ қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд

Январь 24, 2020 12:20

ДУШАНБЕ, 24.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳуҷҷатҳоро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Украина, Австрия ва Озарбойҷон эълон менамояд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Тавре муассисаи мазкур ба маълумоти довталабон мерасонад, барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Украина  аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз гардидааст.

«Вазорати федеролии маориф, илм ва тадқиқоти Австрия озмуни нави стипендияҳоро ба номи «Френс Верфел», «Рихард Плашка»  ва «Эрнст Мах» барои хатмкунандагон, донишҷӯён ва олимон эълон намудааст», — омадааст дар эълони Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва тазаккур дода шудааст, ки стипендияҳои мазкур дар давраи соли хониши 2020-2021 барои таҳсил дар донишгоҳҳои мухталифи Австрия ва бурдани корҳои илмӣ-тадқиқотӣ пешбинӣ гардидаанд. Маълумоти пурраро вобаста ба ин стипендияҳо метавон дар сомонаи www.grants.at пайдо намуд.

Ҳамчунин Маркази барномаҳои байналмилалӣ эълон менамояд, ки барои соли хониши 2020-2021 ҷиҳати таҳсили шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз рӯи зинаҳои гуногуни таҳсил қабули ҳуҷҷатҳо оғоз шудааст.

Барои маълумоти иловагӣ хоҳишмандон метавонанд ба Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 47, шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд ё бо телефонҳои 221-18-83, 223-23-57 дар тамос шаванд.

Январь 24, 2020 12:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад