Тоҷикистон аз Ӯзбекистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарад

Январь 28, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 28.01.2020. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020    Тоҷикистон ният дорад, ки аз ҳамсоядавлати Ӯзбекистон 200 миллион метри мукааб гази табиӣ  харидорӣ намояд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини аввали  Директори генералии  ҶСК «Тоҷиктрансгаз» Шавкат Шоимзода хабар дод.

Ба иттилои номбурда, дар айни ҳол оид ба ин масъала гуфтушунид идома дошта, умед аст, ки он ҳалли худро меёбад.

«Соли 2019 Тоҷикистон дар ҳаҷми 140 млн метри мукааб ба маблағи 17,7 млн доллар аз Ӯзбекистон гази табиӣ харид, ки нисбат ба соли 2018  2,6  маротиба зиёд аст. Соли 2018 аз ин давлат 54,6 млн метри мукааб гази табиӣ ба маблағи 6,9 млн доллар ба Тоҷикистон интиқол дода шуд», — илова намуд Шавкат Шоимзода.

Ба гуфтаи номбурда, истеъмолгарони асосии гази табиии Ӯзбекистон дар Тоҷикистон ҳамоно корхонаҳои азими саноатӣ ва Маркази барқу гармидиҳии Душанбе мебошанд.

Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 «Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-1» бо тавоноии 60 мегаватт фаъолият намуд, ки истифодаи гази табиӣ нисбатан кам буд. Соли 2019 тавоноии марказ ба 90 мегаватт бардошта шуд, ки истифодаи гази табиӣ низ зиёд шуда, 108 млн метри кубиро ташкил дод.

Январь 28, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад