Тоҷикистон дар мубориза бо зуҳуроти номатлуб дар арсаи байналмилалӣ мавқеи мушаххас дорад

Январь 14, 2020 11:34

ДУШАНБЕ, 14.01.2020/АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба равандҳои асосии сиёсати байналмилалӣ дар канор набуда, дар масъалаҳои мубориза бо падидаҳои экстремизму терроризм, таҳкими таҳаммулпазирии динӣ ва муносибатҳои мутақобилаи байнитамаддунӣ мавқеи мушаххаси худро дорад». Ин нукта зимни баррасии «Консепсияи сиёсати давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин», ки дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Дастгоҳи марказии Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, зикр шуд.

Муовини Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Лола Салимова гуфт, 4 апрели соли 2018 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» қабул гардид, ки он мақсаду вазифаҳо ва самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дарназардошти манфиатҳои миллии кишвар муайян ва танзим менамояд.

Бояд зикр кард, ки ҳадафи асосии Консепсия муқаррар намудани дурнамои дарозмуҳлат ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои динии инсон ва шаҳрванд, рушди пояҳои давлати дунявӣ, густариши таҳаммулпазирӣ ва эҳтиром ба тамоми дину мазҳабҳо, таъмини амният ва ҳамдигарфаҳмиву ризоият дар фазои динии кишвар мебошад.

Дар ҷаласа сардори шуъбаи тарҷумаи Дастгоҳи роҳбарияти БМТ Мирзоҳасан Султонов зимни шарҳи рӯнамоӣ дар мавзӯи «Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин» иштирокдорони ҷаласаро бо заминаҳои қабули консепсия, вазъи кунунии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, мақсад ва ҳадафҳои асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи дин, муносибати давлат ва иттиҳодияҳои динӣ ва муносибати давлат бо омили динӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳуриии Тоҷикистон шинос намуд.

Инчунин сардори Идораи кормандони БМТ Давлаҳмад Гадоев зикр кард, ки имрӯз инсоният ба хатарҳои нави глобалӣ- терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардидааст. Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, зуҳуроти мазкур боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш — таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад. Зикр шуд, ки ин зуҳуроти номатлуб дар ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоиву амниятӣ дорад. Бинобар ин, ҷомеа бояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт дастгирӣ карда, омилҳои пайдоиши терроризм ва экстремизмро пешгирӣ намуда, барои ҳифзи якпорчагии давлатамон ҳамеша омода бошем.

Январь 14, 2020 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1076 сомонӣ муқаррар шудааст
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.1600 то 9.2275 сомонӣ муқаррар шудааст
Кормандони Бонки миллии Тоҷикистон бо ҷараёни сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1000 то 0.1104 сомонӣ муқаррар шудааст
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд