Вазорати корҳои хориҷӣ: шаҳрвандони Тоҷикистон дар садамаи нақлиётӣ дар вилояти Тюмени Россия ҷароҳат бардоштанд

Январь 7, 2020 08:15

ДУШАНБЕ, 07.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. 6 январ дар натиҷаи садамаи нақлиётӣ дар  ноҳияи Тоболски вилояти Тюмени Федератсияи Россия шаҳрвандони Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, дар автобуси мусофирбар ҳамаи 35 нафар мусофирони автобус онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонанд.  Дар байни онҳо як зан осеби сактаи мағзӣ бардоштааст ва айни замон дар беморхона аст. Се нафар шаҳрвандони мо, ки ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд, пас аз гирифтани ёрии зарурии тиббӣ беморхонаро тарк карданд. Ба гуфти масъулин, ин ҳолат таҳти назорати сафорат ва консулгариҳои Тоҷикистон дар Россия қарор дорад.

Тавре  қаблан хабар дода будем, садамаи нақлиётӣ рӯзи душанбе дар километри 266-уми шоҳроҳи федералии Тюмен-Ханти-Мансийск бо ба ҳам бархӯрдани автобус ва мошини сабукрави Isuzu рух дод.

Январь 7, 2020 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад