Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид
ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи якҷояи ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ва шаҳрҳои Мастчоҳ, Гулистон, Истиқлол бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, раисони кумиҷроияҳои ҳизбии Гулистон — МуслимахонҶамолиён, Истиқлол – Муҳаммадамин Ниёзов, Мастчоҳ – Дилшод Зокиров ва раиси ҳавзаи якмандатии Мастчоҳ №18 Абдураҳмон Сафаров баргузор шуд.
Дар конференсия масъалаи пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Мастчоҳ №18 баррасӣ шуд.
Вакилони конференсияи якҷоя номзадии раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 пешниҳод карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 13 январи соли 2020 бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Тоҳир Азиззода таъин карда шуд.








Доир ба рушди дипломатияи парламентӣ дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Қазоқистон тақвият меёбад
Мавсума Муинӣ: «Мавқеъ ва саҳми занон дар дипломатияи парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон намоён аст»
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ баргузор гардид
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба фарҳанги истифодаи оқилонаи захираҳои обро қабул намуд
Кумитаи доимии Ассамблеяи парлумонии Осиё Қатънома оид ба таҳкими фарҳанги сулҳ, таҳаммулпазирӣ ва эҳтироми арзишҳои фарҳангии миллатҳоро қабул намуд
Файзалӣ Идизода бо Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммадризо Маҷидӣ вохӯрӣ намуд
26 СЕНТЯБР — РӮЗИ МАҶЛИСИ ОЛӢ — ПАРЛАМЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти мақоми қонунгузор барои пешрафти давлат равона шудааст
Вохӯрии роҳбарони гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Давлати Қатар доир шуд
Муҳаммадризо Маҷидӣ: «Фарҳанг чун яке аз пояҳои муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардуми Осиё хизмат менамояд»
Файзалӣ Идизода: «Ассамблеяи парламентии Осиё дар ташаккули фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ нақши муҳим дорад»
Дар Душанбе ҷаласаи Раёсат/Бюрои Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардид






