Раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззода номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид

Январь 16, 2020 11:35

ДУШАНБЕ, 16.01.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Мастчоҳ Конференсияи якҷояи ташкилотҳои ҳизбии ноҳия ва шаҳрҳои Мастчоҳ, Гулистон, Истиқлол бо иштироки раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд Матлубахон Сатториён, раисони кумиҷроияҳои ҳизбии Гулистон — МуслимахонҶамолиён, Истиқлол – Муҳаммадамин Ниёзов, Мастчоҳ – Дилшод Зокиров ва раиси ҳавзаи якмандатии Мастчоҳ №18 Абдураҳмон Сафаров баргузор шуд.

Дар конференсия масъалаи пешниҳоди номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Мастчоҳ №18 баррасӣ шуд.

Вакилони конференсияи якҷоя номзадии раиси ноҳияи Мастчоҳ Ғайрат Азиззодаро ба вакилии Маҷлиси намояндагон аз ҳавзаи интихоботии Мастчоҳ №18 пешниҳод карданд.

Ёдовар мешавем, ки аз 13 январи соли 2020 бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғайрат Азиззода бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод гардида, ба ҷойи ӯ иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд Тоҳир Азиззода таъин карда шуд.

 

Январь 16, 2020 11:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Раиси Палатаи вакилони Парламенти Люксембург мулоқот намуд
Файзалӣ Идизода дар Шуро ва ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Брюссел ҷаласаи XIII Кумитаи ҳамкории парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо доир шуд
Файзалӣ Идизода дар мулоқоти Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов бо роҳбарони ҳайатҳои парлумонии кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 18,4 миллиард сомонӣ зиёд гардид
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар ҷаласаи 61-уми пленарии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ иштирок менамояд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Эҳтиром ба Рӯзи Президент эҳтиром ба давлат, миллат, Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу ваҳдат аст
Китоби «Президент ва ниҳоди президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» рӯнамоӣ гардид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон