Абдулаҳад Хоҷазода: «Ба ҷамъиятҳои истифодабарандаи чарогоҳҳо 216 адад трактор дастрас гардид»

Февраль 14, 2020 16:50

ДУШАНБЕ, 14.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Аз оғози татбиқи лоиҳа ба ҷамъиятҳои истифодабарандагони чарогоҳи ноҳияҳои мамлакат 216 адад  трактори тамғаи  гуногун дастрас карда шуд. Тракторҳо ҷиҳати сари вақт кишт ва ҷамъоварӣ намудани зироати кишоварзӣ, инчунин мустаҳкам намудани пойгоҳи  истеҳсоли хӯроки чорво ва барқарорсозии роҳҳои чорвогузар дастраси ҷамъиятҳои мазкур  гардидаанд. Дар ин бора директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода имрӯз зимни  нишасти хабарӣ дар шаҳри Душанбе ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Ғайр аз ин, ба ҷамъиятҳои зикргардида техника ва таҷҳизоти  кишоварзӣ, аз ҷумла, 4 адад комбайни ғалладарав, 8 адад борбардори фронталӣ, 10 адад эксковатор, 163 адад ядакҳои тракторӣ ва 1 ҳазору 842 мошинолоти гуногуни кишоварзӣ дастрас карда шуданд»,- афзуд  Абдулаҳад Хоҷазода.

Гуфта мешавад, ки тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чарогоҳ» аз ҷониби мутахассисони Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» дар 194 деҳаи интихобгардидаи ноҳияҳои зерҳадаф ҷамъиятҳои чарогоҳистифодабарандагон таъсис дода шуд.

Лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» аз ҷониби Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ маблағгузорӣ шуда, мақсади асосии он паст намудани сатҳи камбизоатии аҳолии ноҳияҳои фарогир мебошад.

Ҳоло марҳилаи дуюми Лоиҳа мавриди амал қарор гирифта, он ноҳияҳои Восеъ, Данғара, ва Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Фархор ва шаҳри Кӯлобро дар бар  мегирад.

Февраль 14, 2020 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш доир шуд
Дар Тоҷикистон мактаби технологияҳои рақамӣ бо тарҳ ва усулҳои муосир таъсис дода мешавад
Нақшаи истеҳсоли пилла дар шаҳри Левакант пурра иҷро гардид
Тоҷикистон ҳамкориро бо БАТР дар бахши энергетика тақвият медиҳад
Ноҳияи Данғара нақшаи истеҳсоли пилларо пурра иҷро намуд
Ҷамъоварии картошка ва пиёз дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Панҷ идома дорад
20 май — Рӯзи умумиҷаҳонии метрология: дар Тоҷикистон соҳаи метрология рушд меёбад
Раванди ислоҳоти низоми гумрукӣ ва татбиқи барномаҳои рақамикунонӣ бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуд
‎Масоили омодагӣ ба баргузории Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба об баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар саммити роҳбарони Форуми ҷаҳонии шаҳрҳо (WUF13) дар Боку иштирок намуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Фархор шинос шуд
Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд