ДАҲСОЛАИ АМАЛИЁТ ОИД БА БЕХАТАРИИ РОҲ БАРОИ СОЛҲОИ 2011-2020: соли 2019 дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ бар асари 81 садамаи нақлиётӣ 48 нафар ҳалок шуданд

Февраль 24, 2020 09:46

ДУШАНБЕ, 24.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Моҳи январи соли 2017 Созмони Милали Муттаҳид «Даҳсолаи амалиёт оид ба бехатарии роҳ барои солҳои 2011-2020»-ро  қабул намуд, ки ҳадафи он  кам кардани шумораи ҳодисаҳои нохуш ва осеби садамаҳои нақлиётӣ дар ҷаҳон мебошад. «Татбиқи Даҳсолаи амали бехатарии роҳ метавонад ба ҳама кишварҳо кумак кунад, ки ба сӯи ояндаи бехатар равона шавем …  Якҷоя мо миллионҳо нафарро наҷот хоҳем дод»,- гуфта буд зимни қабули ин даҳсола собиқ Котиби генералии СММ Пан Ги Мун.

Дар Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Даҳсолаи мазкур тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Бозрасии давлатии автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз шохаҳои муҳими мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи пурмасъул, яъне таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳро ба зимма дорад.

Дар ин мавзӯъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар вилояти Суғд, полковники милитсия Юсуф Эмомзода  ҳамсуҳбат гардид.

Номбурда вобаста ба раванди фаъолияти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, нишондиҳандаҳои омории қайди ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, чораҳои таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ аз ҷониби кормандони шуъбаи мазкур ва роҳандозии тадбирҳои пешгирии он чунин изҳори назар намуд:

— Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот ба муносибати 10-солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 12 июли соли 2017 дар шаҳри Душанбе доир гардид, вазъи садаманокӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро таҳлилу баррасӣ намуда, гуфта буданд: «Бештари садамаҳои нақлиётӣ, ки сабаби  марги одамони зиёд мегарданд, аз ҷониби шахсоне содир мешаванд, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд ва бо суръати баланд ҳаракат карда, талаботи аломатҳои роҳро дағалона вайрон месозанд».

Президенти мамлакат ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки дар муддати кӯтоҳ лоиҳаи қонунро доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои ҷорӣ барои бе ҳуҷҷати ронандагӣ, дар ҳолати мастӣ идора кардани воситаи нақлиёт, бо суръати баланд ҳаракат кардан ва ба муассисаи таълимӣ бо мошини шахсӣ ҳозир шудани наврасону ҷавонон омода карда, барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Мувофиқи тағйироти ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридгардида, муҳлати аз ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуд. Барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ҷазои вазнин таъйин гардида, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо, яъне понздаҳ ҳазор сомонӣ ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол муқаррар карда мешавад.

Бо вуҷуди андешидани тадбирҳои  зарурӣ  аз ҷониби кормандони Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ  ҳанӯз ҳам  дар ҷумҳурӣ  масъалаи  дар натиҷаи садамаҳои нохуши нақлиётӣ маҷрӯҳ ва ҳалок гардидани шаҳрвандон нигаронкунанда боқӣ мемонад.

Имрӯзҳо вобаста ба зиёд шудани теъдоди нақлиёти автомобилӣ ҳамзамон шиддатнокии ҳаракат зиёд гардида, вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт ва дигар намуди қоидавайронкуниҳо бо истифодаи воситаҳои нақлиёт ташвишовар гашта истодааст. Чунин вазъ аз кормандони БДА талаб менамояд, ки роҳҳои самараноки таъмини бехатарии ҳаракат, тарз ва усулҳои нави фаъолиятро дар мубориза бо ҷинояткорӣ, аз ҷумла бо истифодаи техника ва таҷҳизоти ҳозиразамон васеъ тадбиқ намуда, баҳри амнияти шаҳрвандон ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ содиқонаю софдилона хизмат намоянд.

Ҳамзамон вобаста ба назорат аз болои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарди вилоят метавон гуфт, ки  давоми соли 2019 дар қаламрави вилоят 416.158 адад (19993 адад бештар нисбат ба соли 2018) қоидавайронкуниҳои дағали ҳаракат дар роҳ, аз ҷумла 692 адад ҳолати идораи воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ, 546 адад рондани нақлиёт бе шаҳодатномаи ронандагӣ, 80880 адад ҳолати баланд намудани суръати ҳаракат, 17629 адад ҳолати истифодаи телефони мобилӣ дар сари чамбарак, 21397 адад ҳолати нагузаронидани нақлиёт аз муоинаи техникӣ ва 130425 адад қоидавайронкунӣ аз ҷониби пиёдагардон ошкор гардидааст.

Соли гузашта дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят 7 садамаи роҳу нақлиётии аз ҷойи ҳодиса ғайб задани ронандагон ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 5 нафар ҳалок ва 2 нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Бо андешидани тадбирҳои фаврӣ-ҷустуҷўӣ ҳамаи ин ҳодисаҳо бо “изи гарм” ошкор гардиданд. Инчунин 15 ҳолати рабудани воситаҳои нақлиёт низ сари вақт ошкор карда шуда,   нисбат ба 366.077 нафар ҷаримаи маъмурӣ тадбиқ карда шудааст.

Соли 2019  ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои мақсаднок 46 ҳолати идораи воситаи нақлиёт аз ҷониби ноболиғон ошкор ва санадҳои маъмурӣ тартиб дода шуданд.

Вобаста ба афзоиши шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, хусусан дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, ки роҳи асосии пайвасткунандаи минтақаи шимоли мамлакат  бо маркази ҷумҳурист,  давоми соли 2019 дар ин роҳи дорои аҳамияти байналмилалӣ 81 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ (27,5 фоизи ҳамаи садамаҳо) ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷаи онҳо  48 нафар ҳалок ва 81 нафар ҷароҳат бардоштанд. Аз ҷумла, шумораи бештари садама ва фавт дар ҳудуди роҳи минтақаи ноҳияи Айнӣ 17 садама -(10 кас ба ҳалокат расид), Шаҳристон 14 садама (9 фавт), Истаравшан 15 садама (9 марг), Б.Ғафуров 15 садама (8 фавт) ва Спитамен 10 садама  (10 фавт) ба қайд гирифта шудааст.

Масалан, 20 феврал, соати 21:05, дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ,  дар километри 185-уми наздикии деҳаи Фирдавсии ноҳияи Шаҳристон як садамаи маргбор рух дод.  Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуши нақлиётӣ  раиси суди ноҳияи Истаравшан Содиқҷон Ваҳҳобзода  ва  сокини 35-солаи ноҳияи Истаравшан Исроилҷон Ваҳҳобов  ба ҳалокат расиданд. Мошине, ки раиси суд савори он буд, ба Дулани канори роҳ бархӯрдааст ва дар натиҷа ду мусофири он ҳалок шудаву ду тани дигар дар бемористони Истаравшан бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ шудаанд. Аҳволи ин ду нафарро низ вазнин арзёбӣ мекунанд.

Новобаста аз корҳои ба сомон расонидашуда дар робита ба  афзоиши намудҳои қоидавайронкуниҳо ва фавту ҷароҳатбардории кӯдакону наврасон вазъи садаманокӣ дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят ташвишовар боқӣ мондааст. Ҳарчанд садамаҳо нисбат ба  соли 2018 кам ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам, шумораи ҳалокшудагон дар натиҷаи садамаҳо зиёд аст.

Давоми соли гузашта дар роҳҳои нақлиётгарди вилоят 294 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, дар натиҷаи онҳо 116 нафар ҳалок гашта, 302 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Дар муқоиса нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 миқдори садамаҳо 22 адад ва шумораи  ҷароҳатбардоштагон 24 нафар кам, шумораи ҳалокгаштагон 10 нафар зиёд мебошад. Аз ҷумла, бо иштироки ронандагони ҷавон (то 30-сола) 99 садамаи нақлиётии содир шудаанд, ки дар натиҷа 29 нафар ҳалок ва 106 нафар ҷароҳат гирифтаанд.

Инчунин бо айби пиёдагардон 8 ҳодиса рух додааст, ки дар натиҷа 2 нафар ҳалок ва 6  нафар ҷароҳат бардоштаанд.

Ташвишовараш он аст, ки бо иштироки ноболиғон 67 ҳодиса  ба вуқӯъ омад, ки дар натиҷа 20 нафари онҳо  ҳалок ва 52  каси дигар   ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Сабабҳои асосии содир шудани садамаҳо бо айби ронандагон  дар бештар ҳолат- ин пеш аз ҳама, баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, вайрон кардани қоидаҳои ҷойивазкунӣ ва риоя накардани қоидаи сабқат мебошад.

Дар самти пешгирӣ  ва кам намудани ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, назорати ҳолати техникии автомобилҳо ва истифодаи дурусти онҳо  давоми соли гузашта аз ҷониби масъулини Шуъбаи БДА-и РВКД ҶТ дар вилояти Суғд ва сохторҳои поёнии он баҳри баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ, ошкор кардани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, оид ба гузоштани аломатҳои роҳ, кашидани хатҳои уфуқӣ ва таъмир намудани иншооти чароғакҳои роҳнамо чорабиниҳои мушаххас андешида шуд.

Аз ҷумла, дар хоҷагиҳои автомобилӣ, дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти шахсӣ, дар мактабу кўдакистонҳо суҳбату вохўриҳо, дар 92 муассисаи ронандатайёркунии вилоят 53 санҷиши базаи моддӣ-техникии онҳо ва дар самти назорати бехатарии воситаи нақлиёт аз тарафи бахшҳои БДА-и шаҳру ноҳияҳои вилоят 170893 (2018-162084) нақлиёт аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ гузаронида шуданд.

Инчунин дар ҳудуди вилоят амалиёти мақсадноки «Тартибот», «Муоинаи техникӣ», «Бачаҳо», «Маданияти шаҳрдорӣ», «Пиёдагард», «Чароғ», «Дарсҳои кушод» ва «Роҳ»  гузаронида, ҷараёни он тариқи барномаҳои телевизионҳои маҳаллӣ намоиш дода шуданд.

Дар самти баланд бардоштани сатҳи амнияти иқтисодии мамлакат, пешгирӣ, муайян ва ошкор намудани воридоти ғайриқонунии мол ва воситаҳои нақлиёт ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2019 аз ҷониби кормандони БДА 127 (2018-70) ҳолати воридоти ғайриқонунии молу маҳсулот ва воситаҳои нақлиёт аз ҳудуди давлатҳои ҳамсарҳад ба ҳудуди вилояти Суғд ошкор ва ҳуҷҷатгузорӣ карда шуданд.

Абдуаҳад ШАРИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Февраль 24, 2020 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Даъвати баҳорӣ ба Артиши миллӣ бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ идома дорад
Вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон баргузор гардид
Ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Италия тақвият меёбад
ДАЪВАТИ БАҲОРИИ ШАҲРВАНДОН. Ин маъракаи муҳими сиёсӣ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон муташаккилона идома дорад
АФЗАЛИЯТ ВА БАРТАРИЯТИ ХИЗМАТИ АСКАРӢ. Ҷавонон баробари ворид шудан ба хизмат таҳти ҳимояти Артиши миллӣ қарор мегиранд
Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар мақомоти гумруки Тоҷикистон тавзеҳ дода шуд
Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст