Дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён боло рафтааст

Февраль 5, 2020 16:10

ДУШАНБЕ, 05.02.2020. АМИТ /«Ховар»/. Дараҷаи дарсазхудкунии донишҷӯён дар даври фаъоли сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2018-2019 дар Донишкада ҳамагӣ 76,9% -ро ташкил намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1,7% боло рафтааст. Ин матлабро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат Убайдулло Асрорзода ба хабарнигорон иброз намуд.

Инчунин гуфта шуд, ки аз рӯи натиҷаи мониторинги сифати таҳсилот, ки аз 23 ноябр то 10 декабри соли 2019 дар курсҳои чоруми ҳамаи ихтисосҳои Донишкада гузаронида шуд, сатҳи азхудкунӣ 81%-ро ташкил дода, сифати таҳсилот нисбат ба натиҷаи  донишҷӯёни курси чоруми соли таҳсили гузашта  9 % баланд шудааст.

“Раёсат ва кормандони Донишкада тамоми ғайрату маҳорати худро ба он равона намудаанд, ки сифати таҳсилот беҳтар гардад. Барои иҷрои ин вазифа на танҳо пойгоҳи устувори моддӣ-техникӣ ба вуҷуд оварда шудааст, балки маҷмӯи чорабиниҳои ташкилӣ, методӣ, кадрӣ амалӣ гардидааст, ки дар натиҷа сифати таълим то андозае боло рафтааст”,-илова намуд номбурда.

Зикр гардид, ки дар ин давра бо ҳадафи рушди сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ ба фаъолияти Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ оид ба сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва сервис, ки дар Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хизмат таъсис дода шудааст, тақвият бахшида шуд.

Нақш ва саҳми Маркази мазкур дар самти таҳияи дастурҳои методӣ, васоити таълимӣ, китобҳои дарсӣ, инчунин муҳокимаи масоили мубрами сайёҳӣ, меҳмондорӣ ва хизматрасонӣ бо ҷалби коршиносону мутахассисони ватаниву хориҷӣ босазо арзёбӣ мегардад.

Бо мақсади хубтар ба роҳ мондани раванди таълим ва ҷиҳати таъмини сифати таҳсилот дар ин муассисаи илмӣ моҳи майи соли 2019 Донишкада аз аттестатсия давлатӣ гузаронида шуда, барои 5 соли минбаъда барои пешбурди фаъолият дар самти омодасозии мутахассисон иҷозатнома дарёфт намуд. Дар ин давра бо қарори Шӯрои олимони Донишкада бо мақсади омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи меҳнат аз рӯйи ихтисосҳои риштаи сайёҳӣ, инчунин иҷроиши нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар донишкада “Факултети сайёҳӣ” таъсис дода шуд.

Инчунин дар ин давра барои 25 ихтисос стандартҳои давлатии таълимии ихтисосҳо  ва нақшаҳои таълимӣ таҳия карда шуда, аз ташхиси Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ гузаштанд.

Февраль 5, 2020 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид