Дар Душанбе доир ба гиёҳдармонӣ ва тарзи истифодаи он суҳбат доир гардид

Февраль 26, 2020 15:42

ДУШАНБЕ, 26.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳояшон масъалаи содироти гиёҳҳои шифобахши мамлакатро  ба хориҷа ба миён гузошта, зикр карданд, ки:Дар баъзе беморхонаҳо ва осоишгоҳҳо табобат бо усули гиёҳдармонӣ ба роҳ монда нашудааст, ҳол он ки ҳамаи навъҳои набототи мо ба табобат мусоидат карда, қисме аз онҳо аз ҷониби соҳибкорон ба хориҷа бароварда мешавад. Аз ин рӯ, вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, молия, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ вазифадор карда мешаванд, ки якҷо бо соҳибкорони ватанӣ ва бо ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ҷиҳати таъсиси корхонаҳои дорусозӣ, истеҳсоли дору аз гиёҳҳои шифобахши мамлакат  ва рушди саноати дорусозӣ чораҷӯӣ карда, барои зиёд намудани номгӯи доруворӣ ва маводи бастабандӣ тадбирҳои ҷиддиро амалӣ намоянд.

Ин матлаб зимни суҳбати «мизи мудаввар», ки  25 феврал  дар Душанбе таҳти  унвони «Рӯҳи солим дар тани солим» доир шуд, баён гардид.

Ҷамъомади мазкур  бо ташаббуси Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон дар Тоҷикистон баргузор шуда, дар он аъзои иттифоқ, табибони мардумӣ, намояндагони воситаҳои ахбори омма, чанд нафар бемороне, ки  тавассути гиёҳдармонӣ шифо ёфтаанд, иштирок доштанд.

Зимни суҳбат  раиси Иттифоқи мазкур Муллозуҳур Тоҳирӣ ба иштирокдорон дар бораи ҳаёти солим ва гиёҳдармонӣ  маълумоти пурра дод.

Мавсуф инчунин дар бораи сафарҳояш ба Ӯзбекистон, Россия, Македония ва  мулоқот бо тоҷикони бурунмарзӣ сухан гуфта, зикр кард, ки дар факултети забони тоҷикии яке аз донишгоҳҳои шаҳри Фарғона усули солимгардониро ба донишҷӯёну устодон омӯзонида, китобҳои худро ба  онҳо  тақдим намуд.

Ҳамзамон чанд нафар табибони халқӣ оид ба гиёҳдармонӣ, намуди гиёҳҳо ва тарзи истифодаи онҳоро дар таҷрибаи худ нақл карданд.

Аз ҷумла, гуфта шуд, ки  имрӯз дар тамоми ҷаҳон таваҷҷуҳ ба гиёҳдармонӣ зиёд шуда истодааст. Зеро он нисбат ба табобати химиявӣ афзалтар ва таъсири ногувораш камтар аст. Гиёҳҳо барои ихроҷи токсинҳо аз бадан мусоидат мекунанд. Гиёҳдармонӣ дар кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ бештар маъмул аст. Дар Чин зиёда аз 160 пажуҳишгоҳ ба омӯзиши тибби анъанавӣ машғуланд.Хамчунин ҳазорон шифохонаю дорухона ва макотиби махсус дар самти гиёҳдармонӣ фаъолият мекунанд. Дар муассисаҳои тибби анъанавӣ қариб 60 дар сади аҳолии ин кишвар табобат мегиранд.

Бояд гуфт, ки Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон дар Тоҷикистон соли дуюм аст, ки фаъолият мекунад. Ҳадафи асосии он сулҳ дар тамоми ҷаҳон, солимию дарозумрӣ, ҳифз намудани табиати мамлакат ва дӯстии халкҳо буда, дар тӯли якуним сол зиёда аз 30 тренинг-омӯзишҳои солимгардонӣ дар шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Россия баргузор намудааст.

Февраль 26, 2020 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд