Музаффар Ашуриён: «Бо сахт кардани ҷазо ва ё ҷарима пешгирии пош хӯрдани оилаҳо дар гумон аст»

Февраль 8, 2020 11:00

ДУШАНБЕ, 08.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бо сахт кардани ҷазо ва ё ҷаримаи ҳангуфт пешгирӣ аз пош хӯрдани оилаҳо дар гумон буда, ин роҳи ҳалли масъала нест. Ин матлабро Вазири тозатаъйини адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён 7 феврал зимни нишасти матбуотӣ дар ҳузури хабарнигорон иброз намуд.

Ин дар ҳоле сурат гирифт, ки хабарнигорон ба Вазир пешниҳод намуданд, ки ҳарчанд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барпо кардани оилаҳоро хеле осон карда бошад, вале масъалаи пошхӯрии оилаҳои ҷавон нигаронкунанда аст. Бинобар ин бояд мақомоти дахлдор барои пешгирии он ягон ҷаримаи сахт пешбинӣ намоянд.

«Фикр мекунам, ки барои пешгирии пошхӯрии  оилаҳо мо бояд дар байни ҷавонон корҳои тарбиявиро зиёдтар ба роҳ монда, дар мафкура ва рӯҳияи онҳо  муқаддас будани оила ҳамчун робитаи ногусастании якумраро ҷой намоем.  Ин дар ҷомеа масъалаи заҳматталаб аст ва фикр мекунам, ки барои ин кор на танҳо мақомоти дахлдор, балки тамоми ҷомеа бояд кӯшишу ғайрат равона кунанд».

Бояд гуфт, ки оила пояи асосии давлат буда, пешравии ҷомеа аз он вобаста аст. Ҳамин аст, ки мувофиқи моддаи 33-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар баробари зиёд шудани теъдоди оилаҳои навбунёд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷудошавии оилаҳо низ ба назар мерасанд.

Тавре сардори Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии (САҲШ) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода иброз намуд,  соли 2019 ин мақомот 12 482 ҳолати бекоркунии ақди никоҳро сабт намудааст, ки нисбат ба соли гузашта 1469 ҳолат зиёд ва хеле нигаронкунанда аст.

«Аз ин шумора 9196 ҳолат бо қарори судҳои шаҳру ноҳияҳо ва 3205- тоаш бо аризаи якҷояи ҳамсарон сурат гирифтааст. Қисмати зиёдашон оилаҳои ҷавон мебошанд. Миёни ин шумора кам нестанд, нафароне, ки солҳои пеш 2005 — 2015 ақди никоҳи онҳо бекор карда шудааст ва имрӯз барои эҳтиёҷи фарзандон, барои гирифтани қитъаи замин ё дохил шудан ба муассисаҳои олӣ ва бо хобгоҳ таъмин шудан мепурсанд. Яъне вақте ки аз онҳо дар мақомоти дахлдор шаҳодатномаи бекор кардани ақди никоҳ талаб мекунанд, баъд онҳо ба САҲШ муроҷиат мекунанд»,-гуфт С. Сироҷзода.

Инчунин зикр гардид, ки мушоҳидаҳо ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳоло ҳам оилаҳое ҳастанд, ки барои гирифтани шаҳрвандии дигар давлатҳо ақди никоҳи худро расман бекор мекунанду зиндагии якҷояро идома медиҳанд.

Ба маълумоти номбурда, дар ин давра аз 12482 оилае, ки ақди никоҳашон бекор карда шудааст, 12052 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон вогузор карда шудааст.

Саодатбибӣ Сироҷзода иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пойдории оила дар ҷомеа маҷмӯи тадбирҳоро андешида, баҳри пешгирӣ намудани ҷудошавии оилаҳо дар мамлакат санадҳои зиёди меъёриву ҳуқуқӣ, аз ҷумла Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023»–ро ба тасвиб расонидааст.

Муҳим будани пойдории оила ва нақш гузоштани он дар бунёди ҷомеаи солим мақомоти марбутаи давлатро водор сохтааст, ки оид ба ин масъала ва омилҳои таҳдидкунанда ба пошхӯрии оилаҳо вохӯриву  ҷамъомадҳои судманд доир намуда, роҳҳои ҳимояи оилаҳои солимро аз ҷудошавӣ дар якҷоягӣ баррасӣ намоянд.

Агарчи аз як ҷониб вайроншавии оилаҳо расонидани зарар ба ҷомеа, зиёд шудани баҳсҳои судӣ, аз  ҷумла бекор кардани ақди никоҳ, рӯёнидани алимент, тақсим намудани моликияти муштарак, маскун намудан, талаб кардани амвол ба миён оянд, аз ҷониби дигар ва аз ҳама муҳим, ин ба рӯҳияи фарзандон, ки ояндаи давлату миллат дар дасти онҳост, таъсири манфӣ мерасонад»,-хулоса кард  сардори Раёсати Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Саодатбибӣ Сироҷзода.

Февраль 8, 2020 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Лагери истироҳатию солимгардонии «Саодат» 360 кӯдакро ба истироҳат фаро гирифт
494 нафар донишҷӯ муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбиро бо дипломи аъло хатм намуданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Чӣ гуна патентро аз даст надода, фаъолияти меҳнатиро дар Русия ба таври қонунӣ анҷом додан мумкин аст?
Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ оид ба даҳаи миллии дастгирии ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Фирдавсӣ таҳти унвони «Шукуҳи Истиқлол» иқдоми таблиғотӣ идома дорад
Моҳи охири фасли тобистон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 1 дараҷа баланд мешавад
Дар Тоҷикистон соли 2026 ҳаҷми маблағи кумакпулии унвонии иҷтимоӣ бештар гардидааст
БАРНОМАИ РУШДИ РОҲНАМОИ КАСБ. Татбиқи он имкон медиҳад, ки шумораи аҳолии бо ҷойи кор таъминшуда ҳамасола 2-2,2 фоиз афзоиш ёбад
«ЧИЛ ДУХТАРИ ТОҶИК БО ЧИЛ ГЕСӮИ ДАРОЗ». Таҳти ин унвон намоиши либосҳои миллӣ баргузор гардид
Шумораи аҳолии машғул ба фаъолияти иқтисодӣ дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион нафарро ташкил медиҳад
Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид