Дилмурод Давлатзода: «Зиёд намудани нафақаи маъюбон орзуи деринаи 30 ҳазор нафақахӯр мебошад»

Февраль 5, 2020 09:10

ДУШАНБЕ, 05.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Зиёд намудани нафақаи маъюбон аз ҷониби  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон —  ин орзую умеди деринаи 30 ҳазор нафақахӯр мебошад,- иброз дошт 4 феврал зимни нишасти хабарӣ директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатзода.

Ба зикри номбурда, нафақагирони маъюбе, ки тибқи қонуни пешина  нафақаи паст мегирифтанд, шурӯъ аз моҳи сентябр нафақаи онҳо аввал 15 ва сипас 50 фоизи дигар зиёд карда мешавад.

«Бояд гуфт, ки ин на танҳо ба нафақагирони маъюби гурӯҳи 1 ва 2 дахл дорад, балки дар маҷмӯъ ин нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба он нафароне, ки шароити бади зиндагӣ ва ягон  сарчашмаи даромад надоранд, равона гардидаанд.  Зиёд шудани нафақа дар хаҷми 15 фоиз ба тамоми нафақагирон дахл дошта, шурӯъ аз моҳи сентябр ин иқдом роҳандозӣ карда мешавад»,-гуфт Дилмурод Давлатзода.

Ёдовар мешавем, ки айни  замон дар ҷумҳурӣ 711 ҳазору 222 нафар нафақахӯрон ба қайд гирифта шудаанд.

Февраль 5, 2020 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд