Дирӯз Шӯрои Федератсияи Россия созишнома байни ФР ва Тоҷикистон оид ба сохтмони панҷ мактаби русзабонро ба тасвиб расонд
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар ҷаласаи Шӯрои Федератсияи Россия қарор дар бораи тасвиби созишнома байни ФР ва Тоҷикистон оид ба сохтмони панҷ мактаб дар ҷумҳурӣ бо фарогирии таҳсил ба забони русӣ қабул гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад.
Тавре қаблан АМИТ «Ховар» хабар дода буд, созишномаи байниҳукуматӣ 17 апрели соли 2019 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Россия ба имзо расида буд. Созишномаи мазкур сохтмони марҳилавии муассисаҳои таълимиро дар Душанбе, Кӯлоб, Хуҷанд, Бохтар ва Турсунзода пешбинӣ мекунад.
Тибқи санадҳои ба қонун замимашуда, ҳадафи ин созишнома сохтмони марҳилавӣ дар шаҳрҳои калонтарини болозикри Тоҷикистон ва муайян намудани шартҳои мувофиқашудаи маблағгузорӣ барои таъминоти моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии таҳсил ба забони русӣ бо шумораи муқарраргардидаи то 1200 хонанда мебошад. Таҳсил дар ин мактабҳо мутобиқи меъёрҳои таълимии Россия сурат мегирад. Дар созишнома пешбинӣ шудааст, ки ҳарду ҷониб ба афзалияти харид ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли Россия таваҷҷуҳ мекунанд.
Тавре дар хулосаи кумитаи соҳавии Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалӣ гуфта мешавад, татбиқи созишнома ҷудо намудани хароҷоти зиёдро аз буҷети федералӣ талаб мекунад, ки ҳисобкунии ҳадди аксари онҳо пас аз ба анҷом расидани корҳои лоиҳакашӣ ва таҳқиқотӣ муайян карда мешавад. «Кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалӣ зикр менамояд, ки сохтмон ва баъдан ба истифода додани мактабҳои зикршуда ҳалли масъалаи кадрӣ ва таъмини методологии онҳоро тавассути бастани созишномаи алоҳида тақозо мекунад», — гуфта мешавад дар санад.
Созишнома ба муҳлати панҷ сол баста мешавад. Тавре аз кумитаи Шӯрои Федератсия оид ба масъалаҳои байналмилалӣ тазаккур доданд, «тасвиби он ба таҳкими мавқеи забони русӣ ва таҳсил ба забони русӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард».
АКС аз бойгонӣ








Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид






