Дониш пояи аслии расидан ба муваффақият аст. ММКД-и шаҳри Бохтарро 160 нафар донишҷӯ хатм намуд

Февраль 19, 2020 10:05

ДУШАНБЕ, 19.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори (ММКД) Донишгоҳи Осиёи Марказӣ  дар Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар нахустин маросими хатми таҳсил баргузор намуд.  Беш аз 160 нафар донишҷӯён дарсҳои забони англисии сатҳи гуфтугӯӣ, забони русӣ, банақшагирии тиҷорат, муҳосибот ва гувоҳномаи байналмилалии корбарии компютер (ICDL)-ро бо муваффақият хатм карданд. Маросими хатми таҳсил дар «Кохи Ватан»-и шаҳри Бохтар бо иштироки намояндагони Ҳукумати Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалӣ баргузор гардид. Маркази омӯзишии шаҳри Бохтар моҳи марти соли 2019 ифтитоҳ шуда, то имрӯз 635 нафар донишомӯзро ба таҳсил фаро гирифтааст.

-ММКД фурсатеро фароҳам кардааст, ки ман метавонам дониши худро дар заминаи тиҷорат ва инчунин эҷоди робита бо дигар соҳибкорон дар вилоят тавсеа диҳам,-мегӯяд хатмкунандаи дарси банақшагирии тиҷорат аз ноҳияи Ҷайҳун Акмал Акрамшоев.

«Дониш пояи аслии расидан ба муваффақият аст ва чизе, ки мо дар ММКД омӯхтем, ба амалӣ намудани нақшаҳо, расидан ба қуллаҳои нав ва боло бурдани маҳорати касбии мо ба гунаи чашмрас мусоидат мекунад»,- меафзояд Акмал Акрамшоев.

Шурӯъ аз моҳи марти соли 2019  54 донишомӯз дар дарси 150-соатаи ММКД худро сабти ном карда, 46 нафари онҳо ҳангоми маросими хатм соҳиби гувоҳнома гардиданд.

Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор ба унвони шарики амалӣ намудани лоиҳаи «Пешрафти Тоҷикистон» ҳадаф гузоштааст, ки 165 ҳазор нафар сокинонро мустақиман ва 460 ҳазор бошандаи 16 ноҳияи Тоҷикистон, воқеъ дар марз бо Афғонистонро ба таври ғайримустақим ба барномаҳои худ фаро гирад.

Лоиҳаи «Пешрафти Тоҷикистон» ҳамкории худро ҷиҳати тақвияти рушди иҷтимоӣ-иқтисодии сокинони вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тавсеа медиҳад.

ММКД дар доираи ин лоиҳа соҳибкоронро дар заминаи дастрасӣ ба сармоягузорӣ ва хизматрасониҳои техникӣ дастгирӣ мекунад. Ҳадафи мазкур ба густариши давраҳои омӯзишии соҳибкорӣ (200 нафар) ва соҳибкории иҷтимоӣ (160 нафар) нигаронида шуда, ММКД  Донишгоҳи Осиёи Марказӣ дар 16 ноҳияи марзии вилоятҳои Бадахшон ва Хатлон амалӣ мешавад.

ДАР АКС: Ашам Миралиева (аз тарафи рост), хатмкунандаи барномаи забони англисии ММКД дар ҳоли гирифтани гувоҳнома аз дасти директори Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдор Диловар Бутабеков.

Февраль 19, 2020 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар