«ФОИЗҲОИ САБУК». Бо чунин ном «Спитамен Бонк» аксияи баҳорӣ доир менамояд

Февраль 18, 2020 15:30

ДУШАНБЕ, 18.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. «Спитамен Бонк»  бо номи «Фоизҳои сабук» аксияи баҳорӣ эълон намуда,  аз паст шудани фоизи қарзҳо хабар мерасонад. Иқдоми баҳорӣ ба ҳама маҳсулоти қарзӣ дахл дошта, аз 17 феврал то 30 апрели соли 2020 гузаронида мешавад.

Дар доираи ин  аксия мизоҷон метавонанд бо фоизҳои пасткардашуда,  аз ҷумла, бо асъори хориҷӣ бо 14% солона ва бо пули миллӣ бо 22% солона қарз гиранд. Ба ғайр аз ин, агар маблағи қарз бо сомонӣ аз 200 000 сомонӣ зиёд бошад, пас фоизҳо 2 зинаи дигар (20%) кам карда мешаванд.

Ҳамзамон дар давраи иқдоми баҳорӣ метавон барои харидани мошини шахсӣ аз хизматрасонии автоқарз истифода кард. Ин хизматрасонӣ  на танҳо бо фоизҳои пастшуда, балки бе пешпардохт низ сурат мегирад. Шартҳои автоқарз ҳам нисбат ба мошинҳои нав ва ҳам ба мошинҳои бозори дуюм татбиқ мешаванд.

Иқдоми навбатии Спитамен Бонк барои ба таври шоиста зиндагӣ намудани мардум равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки айни замон 25 филиал ва марказҳои хизматрасонии “Спитамен Бонк”  дар саросари мамлакат фаъолият  дошта,  ба  шахсони  воқеӣ ва ҳуқуқӣ номгӯи васеи хизматрасонӣ пешниҳод мекунанд.

Февраль 18, 2020 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад