GOINGGLOBAL. Беш аз 200 нафар кормандони низоми бонкии Тоҷикистон соҳиби ин сертификат гардиданд
ДУШАНБЕ, 21.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Беш аз 200 нафар намояндагони низоми бонкии Тоҷикистон баъди хатми омӯзиши онлайнии «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ» соҳиби сертификати Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмилалӣ (GoingGlobal) гардиданд.
Ҷамъомади тантанавии супоридани сертификат ба иштирокдорони «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ», ки дар доираи ҳамкории шарикии Бонки миллии Тоҷикистон бо Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) амалӣ гардид, дар БМТ бо иштироки муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев, роҳбари намояндагии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар Тоҷикистон Айтен Рустамова доир шуд. Иштирокчиёни ин барнома мутахассисони соҳаи бонкӣ дар бахши маблағгузории савдо, алоқа бо ҷомеа, ҳуқуқшинос ва мутахассиси идораи хавфҳо гардиданд.
Таъкид шуд, ки барномаи мазкур қадами муҳиме дар сафарбар кардани имкониятҳои зеҳнии бахши бонкии мамлакат мебошад ва он ба баҳогузории имкониятҳои татбиқ ва истифодаи маҳсулоти маблағгузории савдо ва идораи хавфҳо бо мақсади зиёд кардани имкониятҳои сармоягузории амалиёти содиротию воридотӣ дар Тоҷикистон равона карда мешавад.
Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, ки БМТ чунин иқдомҳои созмонҳои молиявии байналмилалиро ҳамаҷониба дастгирӣ менамояд ва умед бар он дорад, ки БАТР дар оянда низ ташаббускори ташкили чунин барномаҳо барои бахши молиявии Тоҷикистон хоҳад буд.
Соли 2019 дар курсҳои омӯзишии онлайнӣ, ки аз ҷониби «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ»-и БАТР пешниҳод гардидаанд, беш аз 500 нафар мутахассисон аз низоми бонкии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуданд. 200 нафари онҳо марҳилаи якуми омӯзишро дар самти «Асосҳои маблағгузории тиҷоратӣ» ва курсҳои якҷояи БАТР бо Палатаи савдои байналмилалӣ оид ба тиҷорати байналмалалӣ (GoingGlobal) бомуваффақият ба итмом расониданд.
Ҷамолиддин Нуралиев ҳамзамон зикр намуд, ки иштирокдорони барнома дар бахшҳои маблағгузории тиҷоратӣ, робита бо ҷомеа, ҳуқуқшиносӣ, амалиёти бонкӣ, идораи хавфҳо, маблағгузории савдои байналмилалӣ ва дигар масъалаҳои гуногуни низоми бонкӣ дониши худро мукаммал гардониданд. Роҳандозии курсҳои омӯзишии «Барномаи дастгирии маблағгузории тиҷоратӣ»-и БАТР имкон дод, ки иштирокдорон бо маҳсулот ва раванди маблағгузории тиҷоратӣ, аз он ҷумла тартиби мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ аз наздик шинос шаванд.
Иштироки беш аз 500 нафар дар барномаҳои таълимии онлайнии БАТР аз ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон, нисбат ба дигар кишварҳо нишондиҳандаи аз ҳама баланд буда, далели он аст, ки мутахассиони ташкилотҳои қарзӣ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки савияи дониш ва малакаи касбии хешро такмил диҳанд. Барномаи курсҳои омӯзишии онлайнии «Маблағгузории тиҷоратӣ» соли 2010 аз ҷониби БАТР дар ҳамбастагӣ бо Палатаи савдои байналмилалӣ созмон дода шудааст ва то имрӯз дар он беш аз 5,400 нафар мутахассисон аз 340 ташкилот ва 48 давлатҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Миёна ва ҷанубу шарқи Баҳри Миёназамин ширкат варзидаанд.
Хатмкунандагоне, ки курсҳои мазкурро бо нишондиҳандаҳои баланд ба анҷом расониданд, имконият пайдо карданд, ки таҷрибаомӯзии худро дар бонкҳои тиҷоратии байналмилалӣ ва палатаҳои савдои байналмилалии Аврупо гузаронанд.










Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Дар Бонки миллӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»






