Гулнора Ҳасанзода: «Ба Агентии омор барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид»
ДУШАНБЕ, 13.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар айни замон барои тарғибу ташвиқи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 1 то 15 октябри соли 2020 гузаронида мешавад, дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфузи СММ 2600 тақвими деворӣ ва рӯимизӣ, 130,0 ҳазор адад тақвимҳои кисагӣ ва 3630 варақаи таблиғотӣ омода гардидаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти матбуотӣ директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода иброз намуд.
«Инчунин 27 декабри соли 2019 аз ҷониби Хазинаи нуфуз ва намояндагии Комиссари олии СММ дар умури паноҳандагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 337 планшет тақдим гардид. Планшетҳои мазкур дар оянда пас аз гузаронидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ барои тадқиқоти оморӣ истифода хоҳанд шуд»,-илова намуд Гулнора Ҳасанзода.
Номбурда зикр кард, ки маълумоти барӯйхатгирии аҳолӣ фақат бо мақсади оморӣ гирифта шуда, махфӣ нигоҳ дошта мешавад. Ҳамаи шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ истиқомат менамоянд ва ё муваққатан ба хориҷа рафтанд, инчунин шаҳрвандони хориҷӣ, ки муваққатан дар ҳудуди ҷумҳурӣ мебошанд, ба рӯйхат гирифта мешаванд.
«Ҳамаи маълумоти дар вақти барӯйхатгирӣ гирифташуда ба ягон тадбирҳои маъмурӣ, тақсимоту истифодаи масоҳати манзил ва дигар воситаҳои хизмати коммуналӣ дахл надорад. Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бе талаби ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумоти шахсӣ гузаронида мешавад»,-гуфт директори Агентӣ.
Ҷинс, синн, сана ва ҷои таваллуд, миллат, забони модарӣ, донистани дигар забонҳо, шаҳрвандӣ, ҳолати оилавӣ, шумораи фарзандон, таҳсилот, ҷои зист, фаъолияти муҳоҷиратӣ, шароити манзилӣ, фонди манзил, манбаъҳои воситаҳои зиндагӣ ва шуғл аз саволҳое мебошанд, ки дар варақаи барӯйхатгирии аҳолӣ ҷой дода шудаанд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2020 тақрибан 10-15 рӯз идома ёфта, пурсишҳо бо се усул, яъне пур карани варақаҳои барӯйхатгирӣ бо истифода аз сомонаи интернетӣ, истифода аз планшет дар ҳамаи маҳалҳои шаҳрии ҳудуди ҷумҳурӣ ва бо усули анъанавӣ пур кардани саволномаҳо дар варақаҳо дар маҳалҳои деҳот истифода мегарданд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар мамолики пешрафтаи ҷаҳон ба марҳилаи навбатии барӯйхатгирии аҳолӣ, ки ба соли равон -2020 рост меояд, ҳамроҳ шуд. Масъалаи мазкур ҳамчунин дар шаҳри Бишкек 16 сентябри соли 2019 дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ ҷонибдорӣ карда шуд.
Барӯйхатгирии аҳолӣ маъракаи муҳими давлатию сиёсӣ арзёбӣ гардида, натиҷаҳои он маҳз барои таҳияи стратегияи барномаҳои миллӣ ва минтақавӣ, баҳодиҳии вазъи демографию иҷтимоии аҳолӣ ва сатҳи некуаҳволии аҳолии мамлакат нақши муҳим дорад.








Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад






