Гурӯҳи корӣ бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмондаи саноатиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2020. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкониятҳои зиёд барои рушди истеҳсоли молу маҳсулоти баландсифати саноатӣ, афзоиш додани содирот ва пайдо кардани мавқеи сазовор дар бозори ҷаҳонии молу хизматрасонӣ мавҷуд мебошад. Аз ин лиҳоз, таъсиси корхонаҳои нав, ворид намудан ва истифодаи васеи технологияҳои муосири инноватсионӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти соҳибкорон ва қобилияти идоракунии онҳо, инчунин омодасозии кадрҳо аз омилҳои асосии ноил шудан ба ин ҳадаф мебошад. Ин нукта зимни ҷаласаи корӣ, ки дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаи барқарор намудани ҷойҳои корӣ ва бакорандозии корхонаҳои аз фаъолият бозмонда, инчунин таъсиси корхонаҳои нав баргузор гардид, таъкид шуд.
Зимни оғози ҷаласа Вазири саноат ва технологияҳои нав Заробиддин Файзуллозода иброз намуд, ки саноатчиёни мамлакат иқдоми наҷибонаи Сарвари давлатро ҷиҳати инкишофи устувори минбаъдаи мамлакат дар шакли индустриалӣ ва инноватсионӣ, ки ҳадафи асосӣ арзёбӣ гардидааст, дар сархати вазифаҳои аввалиндараҷаи кори худ қарор додаанд. Инчунин барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифта лоиҳаи чорабиниҳои ташкиливу техникӣ вобаста ба рушди соҳаи саноат таҳия мешаванд.
Зикр шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди корхонаҳои муосири саноатӣ иқтисодиёти мамлакат тамоюли рушди устувор дошта, омилҳое ба назар мерасанд, ки ба рушди босуръати саноати мамлакат монеъ мегарданд.
«Норасоии маблағҳои гардишии корхонаҳо ва фоизи нисбатан баланди қарзҳои бонкӣ, фарсудашавии таҷҳизоти саноатию кишоварзӣ, сатҳи нокифояи рақобатпазирӣ ва диверсификатсияи саноати коркард, норасоии мутахассисони баландихтисос, ба монанди менеҷерони сатҳи болоӣ ва дараҷаи миёна, сатҳи нокифояи ҳамкории дохилисоҳавӣ, байнисоҳавию байниминтақавӣ, рушд наёфтани муносибатҳои кластерӣ аз омилҳое мебошанд, ки ба рушди босуръати саноати мамлакат мушкилот эҷод мекунанд», — гуфт Заробиддин Файзуллозода.
Инчунин дар ҷаласа дар баробари ба кор даровардани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда таъсиси корхонаҳои нав дар тадбиқи ҳадафи чорум муҳим арзёбӣ гардид. Иштирокдорон ба хулоса омаданд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти рушд додани соҳаи саноат, коркарди ашёи хоми маҳаллӣ, истеҳсол ва муаррифии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ташкили корхонаҳои нави саноатӣ, дарёфти бозорҳои содиротӣ ва таъмини сокинон бо ҷойҳои кории нав аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корхонаҳои соҳа пайваста андешидани тадбирҳои заруриро тақозо менамояд.
Дар ҷаласаи корӣ намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ ва сардорони раёсатҳои соҳавии вазорат иштирок намуданд.
Дар хотима бо назардошти таклифу пешниҳодҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.








«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
БА ТАВАҶҶУҲИ РОНАНДАГОН! Набудани бимаи суғурта ва корти ташхиси техникӣ минбаъд тавассути дурбинҳо сабт карда мешавад






