Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ қарзи шаҳрвандии ҳар ҷавонмард аст
ДУШАНБЕ, 23.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. Аз соли 1993 то имрӯз, ҳамасола 23 феврал Рӯзи таъсиси Артиши миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Инак 27 сол аст, ки миллати тоҷик ин рӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамояд.
Бояд гуфт, ки Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи истиқлолият буда, дар шароити хеле вазнин таъсис ёфтааст. Сарфи назар аз мушкилоти зиёд ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳ роҳи пурпечутоберо тай карда, таҷриба андӯхт ва имрӯз он яке аз артишҳои касбии минтақа ба шумор меравад. Имрӯз шароити хизмат дар сафи Қуввҳои мусаллаҳ хуб буда, рӯз ба рӯз шумораи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Артиши миллӣ мепайванданд, зиёд мегардад.
Тавре сарбози қатории қисми ҳарбии 6593 Муҳаммад Ибодов зимни суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» изҳор намуд, ҳоло шароити хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ хуб буда, сарбозон бо хӯрок ва сару либоси гарм таъмин мебошанд.
«Бояд гуфт, ки хизмат ба Ватан қарзи ҳар як ҷавонмарди бонангу номус аст. Ман 1 апрели соли 2019 бо хоҳиши худ ба хизмати ҳарбӣ омада, муддати 11 моҳ аст, ки дар ин ҷо хизмат менамоям. Ҳоло ман хурсанд аз онам, ки сарбаландона хизмати Ватанро иҷро намуда истодаам. Аз ин иқдоми пешгирифтаи ман падару модарам низ розӣ буда, ифтихор доранд. Тавре маълум аст, ба наздикӣ маъракаи даъвати наваскарон оғоз мешавад. Аз ин рӯ ба ҷавонони ҷумҳурӣ муроҷиат намуда, аз онҳо даъват менамоям, ки аз хизмати ҳарбӣ саркашӣ накарда, ба ҳифзи Ватан омода бошанд ва дар тинҷиву оромии Тоҷикистон саҳми худро гузоранд»,- гуфт Муҳаммад Ибодов.
Бино ба зикри сарбози қатории қисми ҳарбии 3502 Амриддини Садриддин, хизмати ҳарбӣ метавонад ҷавонро ҷисман обутоб дода, ба мушкилиҳои зиндагӣ сабур ва пуртоқат гардонад. Бояд гуфт, ки хизмат дар сафи Артиши миллӣ на танҳо ҳимоя намудани Ватан аст, балки он идома додани корҳои ободонию созандагӣ барои Тоҷикистон ва фароҳам овардани фазои сулҳу осоишта дар мамлакат мебошад.
«Ман хатмкардаи Донишгоҳи театрии шаҳри Новосибирски Федератсияи Россия мебошам. Пас аз хатми донишгоҳ тасмим гирифтам, ки аввал хизмати Ватан- Модарро ба ҷо оварда, пасон паи кору зиндагӣ шавам. Зеро барои шахси эҷодкор ва ҳар як ҳунарманд тай намудани ин зинаҳо хеле муҳим мебошад. Чун фаъолият ва нақшҳои меофаридаи ҳунарманд гуногун буда, ӯро зарур меояд, ки ҳама соҳаро омӯзад»,- зикр намуд Амриддини Садриддин.
Ба гуфтаи номбурда, хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ шарафи бузург буда, ҷавононро мебояд қарзи фарзандии худро иҷро намоянд.
«Дар ҷомеаи имрӯза ҳастанд ҷавононе, ки аз хизмат ба Ватан саркашӣ намуда, нисбат ба он андешаҳои манфиро дар сар мепарваранд. Ман ҳамчун як тан сарбози Ватан метавонам гӯям, ки шароит дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ дар сатҳи баланд буда, тамоми техникаву технология ва таҷҳизоти муосир фароҳам оварда шудааст. Тоҷикистон — Ватани мо буда, ҳеҷ вақт ягон нафари бегона барои халқу ватанамон хизмат ва онро софдилона ҳимоя намекунад. Пас, бояд мо, ҷавонони дӯстдори ин марзу бум ва ин обу хок, ки парвардаи домони поки модари тоҷикем, Ватани худро дӯст дорему баҳри шукуфоияш кӯшиш ба харҷ диҳем»,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»






