«ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ». Чунин маслиҳат медиҳад табиб- отоларинголог аз шаҳри Москва Абдулло Хоҷаев ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии коронавирус

Февраль 3, 2020 17:38

ДУШАНБЕ, 03.02.2020/АМИТ «Ховар»/. «Дуруст ғизо хуред, реҷаи кор ва истироҳатро риоя кунед, баданро обутоб диҳед, ба ҷойҳои сеордам кам равед», — маслиҳат додааст табиби отоларинголог аз шаҳри Москва Абдулло Хоҷаев ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар саҳифаи худ дар шабакаи Facebook.

Хотиррасон менамоем, ки Абдулло Хоҷаев  соли 1981 факултети муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯаи Ибни Синоро хатм намуда, то соли 2014 дар муассисаҳои табобатии кишварамон фаъолият намудааст.  Сипас ба Федератсияи Россия рафта, дар Институти клиники илмию тадқиқотии ба номи М.Ф. Владимирскии вилояти Москва ва  Маркази табобатии «Клиника №1»-и пойтахти ФР кор кардааст. Ҳоло духтури Муассисаи тиббии «Маяк»-и шаҳри Москва мебошад.

Ба зикри ӯ, ҳоло бемории хавфноки тоҷвирус (коронавирус) дар рӯи Замин паҳн шудан дорад.  Ба андешаи ӯ, табобати  ин беморӣ  ҳоло ёфта нашудааст. Ёфта шавад ҳам, ғолибан гарон хоҳад буд ва ба ҳама дастрас намешавад. Аз ин сабаб  табиб аз масалҳои халқии тоҷикӣ  «Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ», «Худо гӯю буттаро маҳкам дор» ва ғайра ёдовар шуда, пешгирии бемориро роҳи беҳтарин   мешуморад.

Бино ба суханони ӯ, тоҷвирус (коронавирус) – шамолхӯрии шадиди роҳҳои нафас аст, ки тариқи вируси nCoV ангехта мешавад. Ин аз гуруҳи ба ҳам аз ҷиҳати ирсӣ наздики вирусҳо мебошад, ки ба ҳайвонот  ва одамон  сироят мекунад. Гоҳҳо чунин сироят бенишон,  ба шакли шамолхӯрии назарногир  сипарӣ мешавад. Дар ҳолатҳои вазнин сирояти мазкур газаки шушро ба миён оварда, метавонад ба узвҳои ҳозима низ  осеб расонад ва сабаби марг   гардад.

Табиб ҳушдор додааст, ки тоҷвирус аз   бемор ба шахси солим одатан ба воситаи чакраҳои луобу оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти  гуфтугӯ кардан, атса  задан,  сулфа  дарододан  мегузарад. Ҳангоми сулфа кардан дар атрофи бемор дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки барои атрофиён хеле хатарнок аст. Инчунин ҳар чизе, ки бемор дар наздикии он қарор гирифта буд ё даст расонид, матавонад манбаи вирус ва сироят гардад.

Вирус метавонад ҳатто дар давраи инкубатсионӣ, яъне давраи номаълумиаш, аз одами касал ба каси солим гузарад!

Абдулло Хоҷаев дар идома ҷиҳати сироят наёфтан аз ин бемории музмин ба ҳамдиёрони худ бо забони тоҷикӣ чунин маслиҳатҳои муфид додааст:

1. Реҷаи кор ва дамгириро риоя кунед.  Аз хоб сер шавед. Ҷисми нағз дамгирифта барои касалиҳо як дижи дастнорас мешавад.

2. Дуруст ғизо хуред — барои солимии ҷисм ҳар рӯз на кам аз 400 грамм маҳсулоти растанигӣ  истеъмол бояд намуд.. Хӯрок бояд гунон ва аз маводи фоиданок бой бошад.

3. Маҳсулоти хӯроворӣ, инчунин сабзавоту меваҷоту кабудиҳоро танҳо баъди бо оби гарм шустан истеъмол намоед.

4. Ба дараҷаи кофӣ об нӯшед – ба ҳисоби миёна 30 мл ба 1 кг вазни чисм. Оби хунукро нанӯшед. Обро қисм — қисм дар давоми рӯз ва ним соат пеш аз тановули хӯрок ва байни хӯрокхӯри нӯшед. .

5. Ҷисман фаъол бошед – гимнастикаи ҳамарӯзаи бамеъёр масунияти ҷисмро то 32% баланд мебардорад, дар ҳоле,  ки   женшен хамагӣ 11 % ва зарбех 19% масуниятро метавонанд афзун намоянд.

6. Баданро обутоб диҳед. Ин роҳи маълуму маъруфи пешгирии касалихо мебошад.
7. Ба ҷойҳои серодам то метавонед камтар равед.   Аз дастфишорӣ ва рӯйбусӣ бо одамон  худдорӣ кунед.

8.  Ба одами бемор бе воситаҳои муҳофизатӣ наздик нашавед ва аз ӯ  3 метр  дуртар истед.

9. Аз танпоккун, рӯйҷоҳо, зарфҳо ва дигар воситаҳои шахси бемор  истифода набаред.

10. Аз маскаи ҷаррохии тиббӣ истифода баред. Шояд маскаи беҳтарин маскаи чорқабатаи докагӣ бошад, ки дар миёнаш қабати пахта дорад. Онро шуста, дарзмол карда, муддати зиёде истифода бурдан мумкин аст. Кашидани ниқоби тиббӣ ба рӯй ҳангоми муоширати сиҳат бо бемор ва бемор бо сиҳат барои пешгирии касалшавӣ зарур аст.
Дар ҷойҳои серодам аз ниқоби тиббӣ истифода баред — дар нақлиёт, ҷои кор, ҷои дарсомузӣ, консертҳо, чорабиниҳои варзишӣ  ва ғайра.

11. Оби бинӣ ва ё луоби даҳону балғамро дар ҷойҳои кушод берун напартоед.

12. Дастонатонро баъди ҳар дафъаи ба предметҳои беруна расидан бо собун шӯед.
13. Хонаро тез — тез ҳаво диҳед ва чанги онро бо латтаи нам пок кунед.

14. Ҷойгаҳи касалро аз дигарон бо парда ҷудо намоед.

15. Тамоку ва нос накашед! Агар имкони партофтан нест, пас камтар кашед, то зарари он ба шумоён камтар шавад. Инчунин, дар ҷойҳои беодам тамоку кашед ва партоби носро танҳо ба канализатсия /ташт партоед, то, агар касал бошед, вирусатон ба дигарон сироят накунад. Тамокуву нос ғайр ҷисми шуморо заҳролуд намуда, масунияти шуморо паст мефарорад,, кобилияти девории пардаҳои луобиро то 3 баробар паст карда, барои гузаштани вирусҳо аз қабати онҳо шароит муҳайё месозад. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ: истгоҳҳо, вокзалҳо,  фрудгоҳҳо, гузаргоҳҳои зеризаминӣ ва  роҳҳои пиёдарав, дар наздикии даромадгоҳҳои мағозахову корхонаҳо тамоку накашед. Одамони аз ин пойбандагӣ озод бояд худашонро аз дуд эҳтиёт кунанд.

16. Нӯшокиҳои  спиртӣ  нанӯшед. Онҳо ҷисмро заҳролуд намуда, масуниятро заиф мегардонанд, пардаҳои луобиро хушк намуда, қобилияти муҳофизавии онҳоро паст менамоянд ва барои вирусҳо дарҳоро мекушоянд.

17. ҳар рӯз на кам аз 3 бор биниро бо намакоби соданок (ним қошуқча намаки ошии баҳрӣ+ ним қошуқча содаи ошӣ + 1 стакан оби ширгарм) бо роҳи кашидан ба бинӣ шӯед.
Гулӯро низ бо намакоб баъди хӯрок ғарғара намоед. Хусусан баъди муошират бо одамон ин амал ҳатмист.

18. Некназар ва некандеш бошед. Некназарӣ масуниятро мустаҳкам месозад. Фаромӯш накунед, ки тафаккури мо то андозаи муайяне воқеиятро меофарад!

Февраль 3, 2020 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент