ИМРӮЗ – РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СТОМАТОЛОГҲО. Ба ин муносибат имрӯз дар Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи шаҳри Душанбе баъзе бемориҳо, аз ҷумла кариеси дандон ройгон табобат карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 09.02.2020 /АМИТ «Ховар»/. 9 феврал ҳамасола дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии стоматологҳо ҷашн гирифта мешавад. Тавре маълум аст, дандон аз узвҳои муҳимтарини инсон ба ҳисоб рафта, нигоҳубини он барои ҳар як нафар ҳатмӣ мебошад.
Вобаста ба тарзи дурусти нигоҳубини дандон ва дастовардҳои соҳаи стоматология хабарнигори АМИТ «Ховар» бо доктори илмҳои тиб, директори Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯйи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадулло ҚОСИМОВ ҳамсуҳбат гардид.
АМИТ «Ховар»: Бахшида ба Рӯзи байналмилалии дандонпизишкон аз тарафи Пажӯҳишгоҳе, ки Шумо роҳбарӣ мекунед, баргузории кадом чорабиниҳо дар назар дошта шудааст?
М. Қосимов: Дар ин рӯз тасмим гирифта шудааст, ки аз Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй сар карда то дигар муассисаҳои стоматологии ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва баъзе табобатҳои ройгон, ба истиснои табобатҳои гаронарзиш гузаронида шаванд. Тавре маълум аст, имрӯз 95-98 фоизи аҳолии Тоҷикистон ба бемории кариеси дандон – яъне вайроншавии бофтаи сахти дандон гирифтор мебошанд. Аз ин хотир мо тасмим гирифтем дар ин рӯз ин гуна бемориҳоро ба таври ройгон табобат намуда, ба беморон маслиҳатҳои муфид диҳем. Бояд гуфт, ки кариес якчанд давра дошта, дар дандон зиёдшавии нуқсонҳо дида мешавад.
АМИТ «Ховар»: Солҳои охир бемории дандон миёни сокинони мамлакат бештар шудааст. Сабаби инро Шумо дар чӣ мебинед?
М. Қосимов: Бояд гуфт, ки дандон узве мебошад, ки ба он тамоми омилҳо — ғизо, ҳаво, об таъсиргузор мебошанд. Дар таркиби баъзе обҳое, ки мо менӯшем, он элементҳои зарурӣ дида намешаванд, ки ин ба дандон таъсири манфӣ мерасонад. Ҳатто метавон гуфт, ки оби даҳони ҳар як нафар низ бо сабаби зиёд ва ё камшавӣ ба дандон таъсиррасон буда метавонад. Зеро бо вайроншавии ферментҳо оби даҳон низ таъсир мебинад.
Инчунин сабаби асосии ба дарди дандон гирифтор шудан- ин риоя накардани беҳдошти ковокии даҳон мебошад. Ман ҳамчун мутахассис ба ин кафолат медиҳам. Он ғизое, ки истеъмол карда мешавад ва хамирае, ки барои шустани дандонҳо истифода бурда мешавад, бояд аз рӯи таъйиноти мутахассис бошад. Агар беҳдошти ковокии даҳон хуб бошад ва ғизоҳои сервитамин истеъмол карда шаванд, дандонҳо камтар ба бемориҳо гирифтор шуда, талаф намеёбанд.
АМИТ «Ховар»: Бештар кадом нафарон ба оризаҳои дандон гирифтор мешаванд?
М. Қосимов: Таҳлилҳо муайян кардаанд, ки солҳои охир занҳои ҳомила бештар ба дарди дандон гирифтор мешаванд ва ё онҳое, ки то давраи ҳомиладорӣ аллакай чанд дандони онҳо талаф ёфтаанд. Ин аз норасоии витамин сар мезанад. Ғизоеро, ки модар истеъмол мекунад, кӯдаки дар батн буда витаминҳои онро ба худ ҷаббида мегирад. Дар натиҷаи норасоии витаминҳо дандонҳо оҳиста-оҳиста ба шикастан ва оризаҳои дандон дучор мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Тибқи хулосаҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ, баъзе бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла зардпарвин (гепатит), ВНМО (ВИЧ/СПИД) дар ҷараёни табобати дандон низ метавонанд ба шахси солим гузаранд. Баҳри пешгирӣ намудани сироятёбӣ аз чунин бемориҳо Пажӯҳишгоҳ чӣ тадбирҳо меандешад?
М. Қосимов: Доир ба ин масъала Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш зимни суханронӣ дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино зикр намуданд, ки яке аз омилҳои зиёд шудани бемориҳои вирусӣ аз бемасъулиятии бархе аз мутахассисони соҳаи стоматология дарак медиҳад. Пас аз нигарониҳои Сарвари давлат мутахассисони марказҳои стоматологӣ дар ин самт кори худро пурзӯр намуда, пайваста дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ иштирок менамоянд. Инчунин беморе, ки барои табобати дандон меояд, аввал аз ташхис гузаронида шуда, ба бемориҳои сироятӣ, яъне зардпарвин ва ВНМО гирифтор будан ё набудани ӯ муайян карда мешавад. Бо фармоиши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тестҳои оҷилӣ ба роҳ монда шудаанд. Инчунин зимни табобати дандони беморон маводи яккарата истифода бурда мешавад. Вале асбобе ҳастанд, ба мисли амбӯр, ки наметавон онҳоро танҳо як карат истифода бурд. Инҳо ба асбоби бисёркарата дохил мешаванд.
АМИТ «Ховар»: Пас ба ин асбоб чӣ гуна кафолат дода мешавад?
М. Қосимов: Бо мақсади солим нигоҳ доштани беморон мо тамоми стандартҳоеро, ки асбоби бисёркаратаро безарар мегардонанд, омӯхта, дар кори худ истифода менамоем. Ин асбоб пас аз истифода дар қоғазҳои махсус ва индикаторҳо гузошта шуда, дар ҳарорати муайяншуда безарар гардонида мешаванд. Дар тамоми давлатҳои пешрафта чунин корҳо ба роҳ монда шудаанд. Ҳоло бо боварӣ метавонам гӯям, ки сирояти бемориҳои ВНМО ва зардпарвин тавассути табобати дандон кам ба назар мерасанд. Инчунин мо дар ин самт тамоми ҳамшираҳои тиббиро аз омӯзиши махсус гузаронида, тарзи дурусти безараргардонии асбоби бисёркарата ва эҳтиёт намудан аз бемориҳои гуногунро омӯхтаем.
Аз ин рӯ аз шаҳрвандон хоҳиш менамоям, ки ҳангоми ба марказҳои стоматологӣ муроҷиат намудан, пеш аз ҳама, ба кори табибон аҳамият диҳанд, ки ӯ то чӣ андоза беҳдошти санитариро риоя мекунад. Муҳит ва фазои кабинети кории вай чӣ гуна аст. Оё табиб дасташро мешӯяд ё не, дар даҳону бинӣ ниқоб дорад ё не?
АМИТ «Ховар»: Ҳоло табибони соҳа барои табобати дандон аз таҷҳизоти муосири кадом давлат истифода мебаранд?
М. Қосимов: Имрӯз Пажӯҳишгоҳи илмию клиникии стоматология ва ҷарроҳии ҷоғу рӯй бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз шуда, дар он хизматрасонӣ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Агар бо солҳои пеш қиёс кунем, имрӯз тамоми таҷҳизот муосир буда, аз Германия, Кореяи Ҷанубӣ, Япония ва Чин харидорӣ шудаанд.
АМИТ «Ховар»: Сабаби гарон будани нархи табобати дандон дар чист ва барои камбизоатон чӣ имтиёзҳо дода мешаванд?
М. Қосимов: Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазоарти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои дастгирии камбизоатон, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2, гирифторони бемориҳои қанд, фишорбаландӣ ва онкологӣ хизматрасонии тиббиро пурра ба таври ройгон ба роҳ мондааст. Мо имрӯз аз нархномае, ки таҳти № 600 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, истифода мебарем. Соли 2019 ба маблағи 278 ҳазор сомонӣ ба камбизоатон аз ҷониби Пажӯҳишгоҳ хизмати тиббии ройгон расонида шуд. Бояд зикр намуд, ки нархномаҳои муассисаҳои стоматологии хусусӣ аз нархномаи муассисаҳои давлатӣ баланд мебошанд ва шаҳрвандон бояд инро ба назар гиранд.
АМИТ «Ховар»: Оё имрӯз дар Тоҷикистон шакли нави табобати дандон- имплант ба роҳ монда шудааст ва он то куҷо эътимодбахш мебошад?
М. Қосимов: Бале, имрӯз чунин навъи табобат дар ҷумҳурии мо ба роҳ монда шудааст. Имплант решаи сунъӣ буда, он аз 3 қисм: имплант, абакимент ва коронка иборат мебошад. Ин решаи сунъие, ки мегӯем, аз титаниюм сохта мешавад. Тавре медонем, титаниюм яке аз маҳсулоти тозатарин дар дунё маҳсуб мешавад. Солҳои пеш агар як дандон намебуд, барои дандон гузоштан 2 дандони сиҳатро арра карда, ба онҳо осеб мерасонданд. Имрӯз агар як дандон набошад, мо ба дандонҳои дигар осеб намерасонем ва он дандони набударо ба воситаи решаи сунъӣ дар ҷояш барқарор мекунем. Инро метавон дастоварди хуб дар соҳаи стоматология арзёбӣ намуд. Имрӯз бештари беморон ба ин навъ табобат таваҷҷуҳ доранд ва мехоҳанд, ки аз он истифода баранд. Мутахассисони мо ин навъ табобатро дар Кореяи Ҷанубӣ ва Эрон омӯхтаанд ва ҳоло дар Пажӯҳишгоҳ 4-5 нафар табибон ба ин кор машғуланд. Импланте, ки мо истифода мекунем, истеҳсоли Кореяи Ҷанубӣ аст. Ҳарчанде, ки имрӯз нархи ин навъи табобат каме гарон аст, вале бо боварӣ метавонам гӯям, ки сол ба сол он арзонтар мешавад.
АМИТ «Ховар»: Барои солим нигоҳ доштани дандон бояд кадом қоидаҳоро риоя намуд ва Шумо кадом хамираро тавсия медиҳед?
М. Қосимов: Пеш аз ҳама, бояд ба хамираи дандоншӯӣ диққати махсус дод. Зеро таркиби хамираҳои дандоншӯӣ аз якчанд микроэлементҳо: калсий, фосфор, магний, фтор ва оҳан иборат мебошад. Инҳо барои пешгирии бемориҳои дандон, аз ҷумла кариес саҳми назаррас доранд. Инчунин баъзе хамираҳо аз алафҳои шифобахш омода шудаанд ба монанди «Лесной балзам».
Ин хамира аз гиёҳҳои шифобахш омода шуда, барои милки дандон фоидаи зиёд дорад. Ин метавонад газаки дандонро гирифта, хунравии онро боздорад. Инчунин парадон- бофтаҳои пайвасткунандаи атрофи решаро кам кунад. Вале ин хамира бемории кариесро пешгирӣ карда наметавонад. Зеро дар таркиби он калсий, оҳан ва фосфор мавҷуд нест. Дар таркиби хамираи «Колгейт» калсий мавҷуд аст. Аз ин рӯ гирифторони бемориҳои дандон метавонанд саҳар аз хамираи «Лесной балзам» ва шом аз хамираи «Колгейт» ва ё ин ки дигар хамирае, ки дорои микроэлементҳо мебошанд, истифода кунанд.
Инчунин мо бояд ба чӯткаҳои дандоншӯӣ ва шустани дандон диққати махсус диҳем. Бояд гуфт, ки дар 1 милиграмм чирки дандон беш аз 1 миллион микроб ҷойгиранд, ки онҳоро танҳо дар зери микроскоп дидан мумкин аст. Дар ҳолати тоза нашустани дандон микроб ва санге, ки дар дандон мавҷуд аст, оҳиста- оҳиста бофтаҳои атрофи дандонро нобуд карда, онро ба беҷошавӣ оварда мерасонанд.
АМИТ «Ховар»: Барои пешрафти соҳаи стоматология дар ҷумҳурӣ кадом корҳоро анҷом доданиед?
М. Қосимов: Дар оянда ният дорем, ки оид ба соҳаи мазкур конфронси илмӣ-амалӣ гузаронем. Вобаста ба ин бо сармутахассиси соҳаи стоматологияи Ҷумҳурии Беларус Андрей Михайлов тасмим гирифта шудааст, ки корҳои илмӣ – тадқиқотиро дар соҳаи стоматология ба роҳ монем. Ҳоло нақшаи баргузории конфронс ва семинарҳои илмии муштарак таҳия шуда, он бо иштироки мутахассисони ду давлат дар кӯтоҳтарин муддат гузаронида мешавад.
Мо як иқдоми дигареро пеш гирифта, Барномаи давлатии пешгирии бемориҳои стоматологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва ба Вазорати тандурустӣ пешниҳод кардем. Баъди тасдиқ шудан барномаи мазкур ба тамоми муассисаҳои стомотологӣ пешниҳод карда мешавад. Он 4 солро дар бар гирифта, барои кам шудани бемориҳои дандон дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.
Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»