Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид

Февраль 12, 2020 13:40

 ДУШАНБЕ, 12.02.2020. /АМИТ АМИТ «Ховар»/.  Вакилони мардумӣ Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав қабул намуданд, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, масъалаи мазкур зимни ҷаласаи навбатии иҷлосияи шашуми  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати панҷум, ки имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Душанбе доир шуд, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Лоиҳаи зикргардидаро муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода ва вакили мардумӣ Олимҷон Сафаров шарҳ доданд.

Ба иттилои Ҷамшед Шоимзода, лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ҷиҳати иҷрои банди 5 нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2025» таҳия гардидааст.

«Кодекси амалкунандаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 қабул гардида, ягона ҳуҷҷате ба ҳисоб меравад, ки бо назардошти сохтори қаблан мавҷудаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи об танзими муносибатҳои обиро дар соҳаҳои истифода ва ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла, муносибатҳо дар соҳаи таъминоти оби нӯшокиро таъмин менамуд»,- афзуд мавсуф.

Ҳифзи фонди давлатии об ва заминҳои фонди давлатии об барои беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии аҳолӣ ва муҳити зист, ҳифзи он аз ифлосшавӣ, олудашавӣ, камшавӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири зараровари обҳо, беҳтар кардани ҳолат ва ҳимояи объектҳои об, инчунин таҳкими қонуният ва ҳифзи  ҳуқуқҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба истифодаи об мақсадҳои асосии Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд.

Лоиҳаи Кодекси баррасишуда аз 13 боб ва 95 модда иборат буда, дар он масъалаҳои марбут ба вазифаҳо ва принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи истифода ва ҳифзи зихираҳои обӣ ва дигар муқаррароти соҳавӣ муайян гардидаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар ҷаласа лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ ва қабул гардид.

Февраль 12, 2020 13:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ